Ба Тоҷикистон вазиши шамоли шиддатнок аз самти ғарб ва тӯфони чангу ғубор пешбинӣ шуда, обуҳавошиносон тӯфонро дар қаламрави кишвар аллакай шоми имрӯз пешгӯӣ мекунанд.

«Баъзан суръати вазидани шамоли ғарбӣ 21-26 м/сонияро ташкил медиҳад, ки тӯфони чангу ғуборро ҳамроҳ хоҳад дошт», - хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Обуҳавошиносон зикр мекунанд, ки дар ин вақти сол вуруди тӯфони чангу ғубор аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон хос буда, он миёни мардум бо истилоҳи «боди афғонӣ» маъруф аст.

Обуҳавои ноустувор то охири ҳафта пешбинӣ гардида, ду рӯзи наздик боронҳои кӯтоҳмуддати баъзан шадид ва раъду барқ аз эҳтимол дур нест ва рӯзона поинравии ҳарорат то 8-10 дараҷа имкон дорад.

«Дар робита ба боронҳои шадиди пешбинишуда, дар дарёҳо болоравии сатҳи об, ҳодисаҳои соҳилшӯӣ низ имкон дошта, рӯзҳои 30-31 май дар ноҳияҳои доманакӯҳ хатари селфароӣ вуҷуд дорад», - огоҳ мекунанд обуҳавошиносон.