Дар шаҳри Хуҷанд нахустин Маркази ислоҳнамоии педагогӣ барои кӯдакони дорои норасогии нутқ (логопедӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, маркази номбурда бо ташаббуси мутахассиси соҳаи ислоҳи нутқи кӯдакон Фароғат Усмонова ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд.

Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ширкат намуда, бо шароити таълим ва муолиҷаи кӯдакон ошно гардид.


Қобили зикр аст, ки муассисаи мазкур барои тарбия ва муолиҷаи 80 нафар кӯдакон пешбинӣ гашта, айни замон шумораи кӯдакони ин марказ 50 нафарро ташкил медиҳад. Зикр мегардад, ки хусусияти фарқкунандаи ин марказ аз боғчаҳои дигари кӯдакона аз он иборат аст, ки нимаи аввали таълиму тарбияи кӯдакон чун дар дигар муассисаҳои томактабӣ сурат гирифта, нимаи дуюми рӯз бошад, машғулиятҳои ислоҳнамоии педагогӣ ва муолиҷаи махсус бо кӯдакони иллати нутқ дошта гузаронида мешавад.