Аз рӯзи 1-уми июн ҳукми иҷро гирифтани қонуни нави Русия дар бораи «Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ» сабаби бекор мондан ва ё ба мушкил гирифтор шудани ҳазорон ронандаи тоҷик шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар асоси қонуни нави Русия дар бораи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки имсол тасвиб шуд, муҳоҷирони корӣ ва дар умум хориҷиён иҷоза надоранд, бо гувоҳиномаи кишвари худашон дар Русия ба ҳайси ронанда кор кунанд.

Аз рӯзи 1-уми июн муҳоҷирони тоҷик, ӯзбак ва ё қирғиз, ки таксӣ, автобус, мошинҳои боркаш меронанд, дигар аз ҳаққи кору мусофиркашӣ маҳрум шуданд.

Қонуни ислоҳшудаи Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ ва бахусус кишварҳои муштаракулманофеъ иҷоза медиҳад, дар ин кишвар ронандагӣ кунанд, вале ҳаққи кор бо гувоҳиномаи дохилӣ дар муассиса, ё корхонае надоранд.

Қонун дар бораи бехатарӣ дар роҳро соли 2014 қабул карданд, вале се сол он тасвиб нашуд, то ки ба гуфтаи мақомоти Русия хориҷиён тавонанд, ё гувоҳиномаашонро дигар кунанд ва ё дар Русия дарси ронандагӣ хонанду гувоҳиномаи русӣ бигиранд.