Варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён нахустин бор соҳиби фарзанд шуд. Дар бораи ба дунё омадани писари варзишгар дар саҳифаи Amriddin Sport In Tjk дар Фейсбук хабар дода мешавад. Дар саҳифаи худи Комроншоҳ дар ин бора маълумот дода нашудааст.

Amriddin Sport In Tjk менависад, тифлро Муҳаммад ном гузоштаанд. Дар ин саҳифа ҳамчунин аксе бо навиштаи «Падари Муҳаммад» мунташир шудааст, ки дар он варзишгар тифлашро дар даст дорад.

Фейсбук

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Комроншоҳи Устопириён 18 сентябри соли 2016 издивоҷ карда, тӯйи арӯсӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баргузор шуд.

Туйи издивоҷи Комроншоҳ. Аз тарафи чапи варзишгар - падари ӯ Усто Устопириён, аз рост - мураббии ҳозираи ӯ Владимир Елчанинов
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Комроншоҳи Устопириён 7 январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омада, соли 2015 риштаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Аз соли 2012 ба дзюдо машғул аст. Мураббии нахустинаш падараш Усто Устопиров ва баъдан бародараш Фаридун Устопиров буда, айни замон зери раҳбарии Владимир Елчанинов тамрин мекунад.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл, моҳи майи соли равон Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба дзюдо (вазни то 90 кило) дар Гонконг ба медали тилло соҳиб гардида, маротибаи дуюм қаҳрамони Осиё шуд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, охири моҳи марти соли ҷорӣ Комроншоҳи Устопириён барои рафтори номуносиб ҳангоми мусобиқа ба муҳлати ду сол  аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои дохили кишвар маҳрум шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.