Падари Комроншоҳи Устопириён қаблан изҳор дошта буд, ки агар ӯ дар олимпиада медал ба даст наорад, ӯро зан намедиҳад, вале бо вуҷуди ин, дар ниҳояти кор писараш издивоҷ кард.

Тӯйи арӯсӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда (17-18 сентябр) дар зодгоҳи варзишгар - ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баргузор шудааст.


Худи Комроншоҳ “шантаж” (таҳдид, найранг)-и падарашр чунин шарҳ додааст: “Ин тӯй кайҳо пешбинӣ шуда буд, вале дар остонаи Олимпиадаи Рио падарам бо ин кораш рӯҳияи маро баланд бардоштанӣ буд, то ки ман ба Тоҷикистон медали тиллои олимпӣ орам, аммо ин “шантаж” кумак накард”, - ҳикоят кард ба “Азия-Плюс” гуштигир.

Аз тарафи чапи Комроншоҳ ғ падараш Усто Устопириён

Қаблан варзишгари тоҷик изҳор дошта буд, ки ҳанӯз соли 2010 падараш Усто Устопириён ба президент Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки Комроншоҳ ҳатман аз Бразилия медали тилло меорад. “Падарам ба ман гуфт, ки агар медали тилло ба даст орам, баъди бозгашт ба ватан маро зан медиҳад. Умед дорам, ки медали тилло ба даст меорам ва ин ба ҷашни 25-солагии Истиқлолият туҳфаи хубе мешавад”, - гуфта буд пеш аз Олимпиада Комроншоҳ.

Комроншоҳ ва мураббиаш Владимир Елчанинов

Вале дар Олимпиада кори ӯ омад накарда, 10 август дар рақобати нахусти худ аз гуштигири гурҷӣ, қаҳрамони 7-каратаи Аврупо Варлам Липартелиани шикаст хӯрд.

Сипас гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди мағлубият дар қувваозмоии нахустини мусобиқоти дзюдои Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аз варзишгари гурҷӣ расман аз мухлисону ҳаводоронаш узрхоҳӣ кард.

Дар саҳифаи фейсбукиаш ӯ дар ин хусус навишта буд: «4 соли сафар ва тамрину машқҳо, сабуксозиҳои вазн ва ҳамааш дар як рақобат барбод рафт! Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон узр мепурсам. Ман аз уҳдаи кор набаромадам ва худро сафед карданӣ нестам… Ман қувваозмоиро бохтам! Иншоаллоҳ, рӯзҳои мо дар пешанд. Хайр Рио, акнун ба Токио-2020 омодагӣ мегирем».


Дар бораи ҳамсараш Комроншоҳ хеле кам маълумот медиҳад: Ӯ 21-сола, донишҷӯ ва варзишгар нест, соҳибхоназан аст”. Ҳамсараш низм ҳамдиёри варзишгар аст, ки худаш ӯро ба сифати ҳамсари оянда интихоб кардааст. “Ин интихоби волидон нест, балки интихоби худи ман аст”, - изҳор мекунад ӯ.

Аксҳо аз саҳифаи шахсии Комроншоҳи Устопириён дар шабакаи Фейсбук.