Аз 23 то 27 сентябри соли равон дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор мегарданд.

Бино ба итттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳо ба Тоҷикистон санаи 23 сентябр ташриф хоҳанд овард. Ба ҳайати эҷодӣАнсамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Триои Консерваторияи Москва» шомиланд.

Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон санаи 24 сентябри соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣдар назар аст.

Барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи славянии тоҷику рус аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки дар доираи Рӯзҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ба шаҳри Норак низ сафар намуда, ба халқи фарҳангдӯсти он барномаи ҷолиби консертӣпешниҳод менамоянд.

Боиси зикр аст, ки Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан»-и Осетияи шимолӣ– Алания дар зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон санъати хореографии Осетияро муаррифӣ кардааст. Ансамл дорандаи медали «Дӯстии халқҳо», медали тиллоии Фестивали байналмилалии панҷқитъа дар Фаронса, барандаи ҷоизаи «Золотой Аполлон», барандаи ҷоизаи Ҳукумати Русия ва ғолиби озмунҳои байналхалқӣва умумирусиягӣ мебошад.

Гурӯҳи созии овозадори «Триои Консерваторияи Москва» аз се нафар навозандагон ва санъатшиносони моҳир Красотина Ирина Викторовна, Румянтсев Евгений Валеревич ва Агеев Николай Лвович иборат аст. Гурӯҳи мазкур низ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон қалби ҳазорон нафар мухлисони санъатро бо навозиши моҳир ва нотакрори худ мутаассир кардааст.

Дар доираи ин чорабинӣ Анна Митянина, ноиби губернатори Санкт-Петербург низ дар раъси як ҳайат ба Душанбе омада, бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода дидору гуфтугӯ мекунад.

Хабаргузории «Озодагон» дар ин робита менависад, дар ҷараёни боздиди ҳайат имзои Протокол ба созишномаи миёни маъмурияти Санкт-Петербург ва Ҳукумати шаҳри Душанбе аз 28.04.1999 бо Нақшаи фаъолиятҳои муштарак барои солҳои 2017-2018, баргузории мизҳои гирд ва мулоқотҳо барои табодули таҷриба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва мастер-классҳо барои табибони тоҷик дар назар аст.

Қарор аст, 25 сентябр дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣбо иштироки ҳунармандони операи Санкт-Петербург -- Виктория Ястребова ва Григорий Чернетсов барномаи консертӣ баргузор шавад: “26 сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти гуруҳи “Feel'armonia” доир мешавад".