Шоми 10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни сухани шодбошӣ иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсояхоҳанд гардид.

“Фалсафаи фарҳанги тоҷик басо амиқу ибрат омӯзаст. Дӯстиву рафоқат дар ин фалсафа мақоми хоса доранд. Донӣ, ки чист давлат, дидори ёр дидан, дар кӯи ӯ гадоӣ, дар хусравӣ гузидан”,- иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.
1/17

Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов низ аҳли толор ва намояндагони соҳаи санъатро бо ибтидои ин падидаи хотирмони фарҳангӣ муборакбод намуд.

“Миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои чунин ташабус изҳор медорам. Тӯли ду рӯз ҳар ҷое равем, моро бо дили кушод ва лабони пуртабассум пешвоз мегиранд”,- изҳори хушҳолӣ намуд Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов.

Сипас номбурда оид ба дӯстиву бародарии ду адиби машҳури халқи тоҷик ва ӯзбек – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ёдовар шуд ва аз шоҳасарҳои ин ду шоири шинохта порачаҳо оид ба дӯстиву рафоқат қироат намуда, нутқи худро бо мисраъҳои машҳури сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло рӯдакӣ “Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷахон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон” интиҳо бахшид.

Баъдан барномаи рангину ҷолиб ва хотирмони консертӣ манзури мухлисони савту наво гардиданд. Раққосаҳои сарвқомат ва ҳофизони хушсадо бо ҳунари худ санъати ӯзбекро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, хотири онҳоро болида гардониданд. Хусусан ҳунарнамоии ҳофизони шинохтаи ӯзбек Севинч Мӯминова, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Анвар Собиров ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси “Ӯзбекистон” писанди аҳли нишаст гардид.

Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов оид ба дӯстиву рафоқати халқи тоҷику ӯзбек ҳарф зада, гуфт:

“Тоҷику ӯзбек ҳарчанд ду забон доранд, аммо як дил доранд, урфу одати ягона, туйи ягона ва ҳатто таоми ягона доранд. Дар Ӯзбекистон ҳам оши палов ва дар Тоҷикистон ҳам оши палов мехӯрем. Дӯстии мову шумо абадӣ аст ва абадӣ хоҳанд монд!”. Гуфтаҳои мазкур бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва тӯлонии аҳли толор тасдиқ ёфт.