Зани сокини шаҳри Хуҷанд, ки имрӯз аз ҷониби кормандони милитсия барои ҳиҷобпӯшӣ боздошт шуда буд, айни замон дар хонааш қарор дорад. Ӯ ҳиҷобро накашида, изҳор доштааст, ки дар ҳама гуна ҳолат аз пӯшидани он даст кашиданӣ нест.

Мо бо зан дар тамос шуда, ӯ худро Наргис Қурбонова муаррифӣ кард ва изҳор дошт, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ дорад.

«Субҳи имрӯз ду корманди милитсия бидуни огаҳӣ ба хонаи ман зада даромаданд, ки яке аз онҳо нозири минтақавӣ буда, боре аз ман талаб карда буд, ки тибқи қонун ҳиҷобамро кашам. Ман он вақт посух дода будам, ки дар қонунгузорӣ ин муқаррарот вуҷуд надорад ва ман ҳеҷ гоҳ ҳиҷобамро намекашам, чунки ин тасмими ман ва фармудаи Аллоҳ аст. Он замон ӯ рафт, вале имрӯз бо кадом як корманди ношиноси милитсия омада, ба ҳақорату дашноми ман пардохтанд ва маҷбур карданд, ки бо писарам ба шуъбаи милитсия равем. Ҳамчунин таҳдид карданд, ки зиндонӣ мекунанд», - мегӯяд зан.

Наргис Қурбонова дар идома қайд кард, ки қаблан ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор мекард ва чор сол қабл, вақте ки ба пӯшидани ҳиҷоб пардохт, маҷбур шудааст, ки аз кор рафта, хонанишин шавад.

Ба гуфтаи зан, баъди занг задани ӯ нахуст ба хати фаъоли ВКД ва сипас ба хати фаъоли Раёсати ВКД дар вилоят, ба қитъаи минтақавии милитсия гурӯҳи задамал иборат аз 4 нафар ва як подполковник аз ВКД-и шаҳр расида омадаанд.

«Аз ман дархост карданд, ки дар бораи ҳодисаи рухдода ариза нависам ва ҳамон подполковник гуфт, ки ба он расидагӣ мекунад. Ҳамроҳи ӯ се нафар бо либоси мулкӣ - ду зан ва як мард аз ҳукуматӣ маҳаллӣ омада буданд. Баъди навиштани ариза маро дар мавриди ҳолатҳои ҳодиса бозпурсӣ карда, ба хонаам ҷавоб доданд», - хабар дод зан тариқи телефон.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки «аз одмаон шунидааст, ки имрӯз дар бозори Панҷшанбе низ занони сатрпӯшро шикору боздошт кардаанд.

«Намедонам минбаъд чӣ гуна зиндагӣ кунам.Чанде пеш ҳамсояҳо мо, ки ҳамаи духтаронашон сатрпӯш буданд, ба ин гуна фишор тоб наоварда, якумрӣ барои зиндагӣ ба Русия кӯч бастанд», - илова кард Наргис.

Дар ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин роита иттилоъ доданд, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.