Тоҷикистон дар бораи иҷрои муқаррароти Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакони СММ ҳисобот дод.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, аъзои Кумитаи ҳуқуқи кӯдакони СММ тавсияҳои хотимавӣ дар мавриди ин масъаларо ба Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Коршиносон ҳисоботи Тоҷикистонро баррасӣ намуда, аз ҷумла аз ҳукуматдорон даъват карданд, ки таҷрибаи нигаҳдории кӯдакон дар ҳуҷраҳои зиндони яккасаро бекор ва онҳоро аз шиканҷаву рафтори бераҳмонаи пулис ҳимоя кунанд.

Бо назардошти никоҳҳои барвақтӣ, коршиносон ба ҳукуматдорони кишвар тавсия доданд, ки оид ба аз байн бурдани издивоҷҳои барвақтӣ стратегияи миллӣ қабул карда шавад.

Ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон боисрор даъват шудааст, ки ба оилаҳои камбизоат, ки маҷбур фарзандонашонро ба паноҳгоҳҳо медиҳанд ё онҳо ба кор ҷалб мешаванд, кумак карда, ҳамчунин ҳимояи кӯдакони муҳоҷирони меҳнатиро таъмин созанд.

Тавсияҳои хотимавӣ ҳамчунин аз даъвати беҳбуди сифати таълим ва таъмини ҳамаи духтарон ба тамоми сатҳҳои маълумот бо шумули маълумоти олӣ низ иборат аст. Як қатор тавсияҳо ба риояи ҳуқуқи кӯдакони маъюб дахл дорад.

Қобили зикр аст, ки Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаконро Тоҷикистон соли 1993 тасдиқ намуд. Дар баробари Тоҷикистон дигар кишварҳои дунё низ оид ба иҷрои Конвенсияи мазкур гузориш доданд.

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ иборат аз коршиносони мустақил ҷараёни иҷрои Конвенсияи дахлдорро пайгирӣ мекунад. Кумита мунтазам гузориши кишварҳои узви Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаконро баррасӣ мекунад. Конвенсияи ҳуқуқи башари СММ аз ҷониби 196 кишвари ҷаҳон тасдиқ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.