Дар консерти хайрия, ки бо иштироки бисёре аз ситораҳои эстрадаи тоҷик доир гардид, 21,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуда, ин пулҳо барои кумак ба кӯдакони гирифтори бемориии саратон равона мегарданд.

«Мо тасмим гирифтем, ки қисмате аз ин пулҳоро барои муолиҷаи Озода Манноноваи 16-сола ва ҳамчунин писарбача Илёс ё духтарча Лайло медиҳем», - хабар дод ба «Азия-Плюс» роҳбари маркази продюсерии «Шоира», яке аз барпокунандагони консерт Шоираи Раҳимҷон. - Ҳарчанд маблағи аз консерт ҷамъшуда зиёд набошад ҳам, ба ҳар ҳол, ин як ёриву дастгирӣ ба чунин кӯдакон мешавад».

Ёдрас мекунем, ки баргузории консерт ба хотири ҷамъоварии маблағ барои муолиҷаи Диёрбек Аминҷонов, писарчаи овозхони шинохта Дилноза Каримова ба нақша гирифта шуда, вале санаи 31 декабр ӯ дар дармонгоҳи Ҳиндустон ба ҳалокат расид.

Баъди ин ҳодиса тасмим гирифта шуд, ки бо вуҷуди ин, консерт доир гардида, маблағи пулии аз он ҷамъшуда барои кумак ба дигар кӯдакони ба муолиҷа ниёзманд дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.