Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозр Собир имрӯз аз шаҳи Сиэтли ИМА тариқи Истанбул ба Душанбе оварда шуд.

Барои қабули ҷасади шоир намояндагони ҳукумат, зиёиён ва аҳли ҷомеа ба фурудгоҳи пойтахт ҳозир шуданд.

Аз фурудгоҳ ҷасади шоир ба манзилаш дар маҳаллаи Қарияи Боло оврада шуд, ки аз субҳи имрӯз он ҷо одамони зиёд ҷамъ шуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», маросими ҷанозаи марҳум Бозор Собир имрӯз соати 11:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (суроға: ш. Душанбе, кӯч.Шодмонӣ, 58) баргузор мегардад.

Ҷасади шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир баъди ҷаноза дар Оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида мешавад.

Бозор Собир санаи 1 май дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли ИМА дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.