Дар остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорон аз савдогарон даъват карданд, ки маҳсулоти ғизойиро қимат накунанд, вале чун анъана нархҳо боло рафтанд. Хабарнигорони «Азия-Плюс» аз бозорҳои минтақаҳои кишвар боздид намуданд.

ДУШАНБЕ

Дар гӯшаи савдои Агении захираҳои давлатии моддии назди ҳукумати Тоҷикистон дар бозори «Меҳргон»-и пойтахт маҳсулоти ғизойӣ нисбатан арзонтар буда, вале сифаташон он қадр табъи дил нест.

Ин ҷо як литр равғани пахта - 10 сомонӣ, 1 кило маснӯоти макаронӣ - 5,5 сомонӣ, 1 кило биринҷ - 7 сомонӣ, 1 кило картошкаи соли гузашта - 2,6 сомонӣ, 1 кило пиёз - 0,7 сомонӣ, 1 кило сабзии соли гузашта - 3 сомонӣ ва 1 кило гӯшти гов - 34 сомонӣ нарх дорад.

Дар ҷойи серодами бозор 1 литр равған - аз 12 сомонӣ, тухм (10 дона) - 8,5-9 сомонӣ, 1 кило шакар -  7,5-8 сомонӣ, 1 кило орд - 3 сомонӣ, 1 кило маснӯоти макаронӣ - 6-7 сомонӣ ва 1 кило биринҷ - 7-14 сомонӣ қимат дорад.

1/3

Харидорони бозори «Меҳргон» мегӯянд, дар остонаи оғози моҳи Рамазон нархҳо дар ҳудуди аз 1 то 10 сомонӣ боло рафтаанд, лекин фуӯшандагон начандон майли посух гуфтан ба ин саволро доранд.

«Фора биги, нафора бра». Нархро бозор муайян мекунад, вақте ки талабот ҳаст, савдо мекунем», - мегӯяд яке аз фурӯшандагони мева.

Қобили зикр аст, ки пеш аз моҳи Рамзон маъмурияти бозор дастур додааст, ки гӯшт бо нархи 36 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта шавад, лекин ҳамаи фурӯшгоҳҳои гӯшт бо нархномаи 36 сомонӣ холӣ буданд.

Яке аз ҳамсуҳбатон иброз дошт, ки онҳо аз яклухтфурӯшон як нимтанаи гӯштро бо ҳисоби нархи 37-37,5 сомонӣ барои 1 кило гирифта, агар 36 сомонӣ фурӯшанд, ба зиёни худ савдо мекунанд.

«Аз ин рӯ, пеш аз моҳи Рамазон фурӯшандагони гӯшти бозор ба савдо набаромаданд. Ана чанде бо ҳамин нарх гӯшт мефурӯшанд, лекин сифати он начандон хуб аст», - гуфт ӯ.

1/2

Воқеан ҳам дар як фурӯшгоҳе, ки бо нархи 36 сомонӣ гӯшт фурӯхта мешуд, намуди зоҳирии гӯшт на он қадр хуб буда, зардии гӯшт ва устухонаш зиёд буд. Дар ягона нуқтаи фурӯши гӯшти гӯсфанд низ сифати он ҳамин гуна буд.

Ба қавли сокинони пойтахт, дар қисматҳои дигари шаҳр нархи гӯшт боло рафта, аз 38 то 40 сомониро ташкил медиҳад.

СУҒД

Дар бозори марказии шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловкс) ба ҷуз мева, нархҳо ба дигар маҳсулоти ғизойӣ чандон тағйир наёфта, гӯшти гови беустухон - 48 сомонӣ, гӯшти маъмулӣ - 38 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд - 40 сомонӣ нарх дорад. Дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд гӯшт 2 сомонӣ арзонтар аст.

Нархи дигар маҳсулоти хӯрокворӣ низ тағйир наёфта, 1 литр шир - 3,5 сомонӣ, 1 дона тухм - 75 дирам, 1 кило шакар - 6,5-7 сомонӣ, 1 литр равғани «Олейна» - 12 сомонӣ, 10 кило орди Қазоқистн - 33 сомониро ташкил медиҳад.

Нисбат ба пойтахт сабзавоту мева ин ҷо қиматтар аст: картошкаи ҳосили нав - 4 сомонӣ, картошкаи соли гузашта - 3 сомонӣ, сабзии ҳосили нав - 6-7 сомонӣ, сабзии соли гузашта - 2 сомонӣ, пиёз - 1,5-2 сомонӣ, помидори маҳаллӣ - 10 сомонӣ, помидори Тошканд - 12 сомонӣ ва бодиринг - 5-6 сомонӣ;

Нархи мева чунин аст: гелос - 12-15 сомонӣ (қаблан - 10-12 сомонӣ), зардолу - 10-12 сомонӣ (қаблан - 8-10 сомонӣ), қулфинай (клубника)- маҳаллӣ - 12-13 сомонӣ, навъи шоҳонаи он - 25 сомонӣ (қаблан - 20 сомонӣ).   

КӮЛОБ

Дар бозори ноҳияи Восеъ нархи 1 кило гӯшт аз 35 сомонӣ то ба 36-37 сомонӣ боло рафта, нархи дигар маҳсулоти ғизойӣ - биринҷ, орд, картошка тағйир наёфтааст.

Дар бозори «Сахӣ»-и шаҳри Кӯлоб дар ду нуқта гӯшт бо нархи 36 сомонӣ фурӯхта шуда, аз 16 апрел нархи гӯшт 1-2 сомонӣ боло рафт. Дар бозори «Саховат»-и шаҳр нархи гӯшт аз 33 то 36 сомониро ташкил медиҳад. Нархи биринҷ, орд, шакар, картошка ва пиёз тағйир наёфтааст.

Дар бозори ноҳияи Ҳамадонӣ низ нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум тағйир наёфтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.