Шурӯъ аз 1 август дар хатсайри рақами 25 аз маҳаллаи аҳолинишини «Зарафшон»-и пойтахт то бозори «Меҳргон» автобусҳои нав ба равуо оғоз мекунанд.

Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз ҳисоби буҷети худ мақомоти шаҳрдории Душанбе боз аз Туркия 100 автобусҳои тамғаи ISUZU харидааст. Соли гузашта 140 адад чунин тамғаи автобусҳо харидорӣ шуда буд.

Муовини аввали раиси пойтахт қайд кард, ки дар Душанбе ба сурати умум беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба шаҳрвандон хизматгузорӣ мекунанд, ки наздики 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

«Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёт қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд. Бо туфайли ба тавозуни мо ворид гардидани автобусҳои ISUZU ва AKIA, корхонаҳои коммуналии шаҳр ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳбуд мебахшанд», - иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки нахустин автобусҳои ин тамға моҳи апрели соли гузашта ба Душанбе оварда шуданд. Баъди оғози ҳаракати онҳо дар хатсайрҳо, микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и чанде аз хатсайрҳо аз фаъолият бозмонданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.