Як гурӯҳи вакилони фраксияи "Справедливая Россия - За правду" зери роҳбарии пешвои он Сергей Миронов пешниҳод кардаанд, ки низоми патентии бо кор таъмин шудани шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия бекор карда шавад. Онро ба иҷозатнома барои кор иваз кардан мехоҳанд.

“Дар натиҷаи бекор намудани низоми патентии ҷалби қувваи кории хориҷӣ чунин моддаи даромади субъектҳои Русия ба монанди фурӯши патент ба муҳоҷирони корӣ аз байн меравад. Ҳамаи муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия ба пардохти маблағи пурраи андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ), ки барои шаҳрвандони кишвари мо пешбинӣ шудааст, уҳдадор мешаванд”, - гуфта мешавад дар навиштаи шарҳи лоиҳаи қонун, ки ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст.

Ин навгонӣ ба вазъи муҳоҷирон аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки танҳо вақт нишон хоҳад дод, ки то куҷо ин иқдоми ҳукумати Русия самаранок мешавад.

“Ахиран ин аввалин ҳолати такмили қонунгузорӣ дар самти танзими мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон дар Русия нест. Ин дафъа фарқаш дар он аст, ки пеш аз интихоботи қарибулвуқӯъ дар Русия бархе аз нерӯҳои сиёсӣ кӯшиш мекунанд, ки шууру бовари ҷомеа ва ҳама чизеро, ки ба муҳоҷирони корӣ марбут аст, ба даст оваранд”, - мегӯяд ӯ.

Лекин дар ҳамин ҳол, дар назар бояд дошт, ки ин гуна иқдомҳо ба мақоми шарикони стратегии Русия дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки шаҳрвандони онҳо асосан барои амалӣ кардани ҳуқуқҳои конститутсионии худ барои кор ба ин кишвар сафар мекунанд, осебе нарасондааст.

Ва ин гуна ташаббусҳо то кадом андоза кафолатро мустаҳкам нкамуда, амнияти муҳоҷирони меҳнатиро таъмин мекунанд?

Ба ақидаи ҳуқуқшинос, саривақтӣ ва муфид мебуд, агар роҳбарияти сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ “ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамватанони мо барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худ оид ба кор дар Русия ҳамчун андозсупоранда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаҳои мо таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Ин хеле муҳим аст”.

Худи муҳоҷирон чӣ мегӯянд?

Қоидаҳои нави аз ҷониби фраксияи «Справедливая Россия - За правду» пешниҳодшуда ба даромади муҳоҷирон ба таври гуногун таъсир расонида метавонанд: манфӣ барои онҳое, ки зиёдтар пул кор мекунанд ва мусбат - барои муҳоҷироне, ки дар як моҳ аз 50 ҳазор рубл камтар маблағ ба даст меоранд.

“Патент, аслан, яке аз навъҳои андозбандӣ мебошад, ки андозҳои даромад ва андозҳои иҷтимоиро дар бар гирифта, ба фонди нафақа пардохт мешавад. Фарқ надорад, ки шумо чӣ гуна ва чанд навъи андоз месупоред, муҳимтар аз он меъёр аст, - мегӯяд шореҳи иқтисодӣ Саид Сафаров. - Гуфтан душвор аст, ки барои муҳоҷирон кадом навъи андозбандӣ фоиданоктар ва қобили қабул аст, зеро мо дар бораи меъёрҳои кор бо онҳо маълумот надорем”.

Андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) ва андози иҷтимоӣ, ки фоизи муайян доранд, одилонатар аст. Мутобиқи патент муҳоҷирон маблағи якхела пардохт мекунанд, дар ҳоле ки ҳаҷми маошашон метавонад гуногун бошад”.

Дилшод Одинаев, як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, чанд сол боз барои кор ба Маскав меравад.

«Ман ҳар моҳ барои гирифтани патент тавассути бонк 6 ҳазору 600 рубл пардохт намуда, амали онро тамдид мекунам. Агар бекор карда шавад, ба фоидаи ман нест, зеро маблағи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ду маротиба зиёдтар аз маблағи патент мешавад”, - мутмаин аст ӯ.

Холмурод Раҷабов, ки дар вилояти Калуга ба ҳайси корманди хадамоти коммуналӣ (кӯчарӯб) мекунад, 30 ҳазор рубл гирифта, ҳар моҳ барои патент 6,5 ҳазор рубл пардохт мекунад. «Агар ба ҷои патент андоз аз даромади шахсони воқеиро гиранд, дар ин ҳолат ман камтар пардохт мекунам ва ин барои ман фоидаовар аст», - мегӯяд ӯ.

Айни замон дар Русия ба хориҷиён ба муҳлати аз 1 то 12 моҳ бо имкони тамдиди муҳлат патент дода мешавад. Арзиши патент вобаста ба минтақа аз 2742 то 10 929 рублро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти гуногун, дар қаламрави Русия ҳудуди 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Барои бисёре аз тоҷикистониён муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз сарчашмаҳои асосии даромад боқӣ мемонад. Маблағи фиристодаи муҳоҷирон давоми солҳои гуногун аз 30% то 50%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил медоданд.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, дар зарфи 6 моҳи соли равон 1,28 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон худро ба қайди муҳоҷират гузоштаанд, ки 963,49 ҳазор нафари онҳо бо мақсади кор ба ин кишвар рафтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.