Имрӯз дар толори собиқ Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мекунад.

Бино ба маълумоти дастандаркорони чорабинии мазкур, ба тамошогарон ҷаҳони зебову пурасрори ҳунарҳои тасвирӣ, кандакорӣ ва навъҳои гуногуни ороишот намоиш дода мешаванд.

Зикр гардид, ки нимаи дуюми рӯз маросими намоиши сарулибоси аз ҷониби донишҷӯёни ин донишкада таҳияшуда баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли 2013 дар бораи таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қарор содир шуд. Тобистони соли ҷорӣ бо фармони президент раиси Иттиҳоди дизайнерони Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев ректори ин донишкада таъин гардид.