Вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Фарҳанги оши палов» ва «Фалак»-ро ҷиҳати шомил намудан ба феҳристи фарҳангии ғайримоддии Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) пешниҳод кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, бо мақсади дастгирӣ ва роҳандозии сиёсати фарҳангӣ ва илмии ҳукумат, номинатсияҳои нав барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кардани фарҳанги ғании тоҷикон ва ҳамчунин нигаҳдориву ба насли оянда мерос гузоштани онҳо имкони мусоид фароҳам меоваранд.
Айни замон мутахассисони Вазорати фарҳанг ба корҳои таҳқиқоти илмӣ, барӯйхатгирӣ ва таҳияи матни номинатсияи «Оши палов» (Таоми миллӣ ва анъанаҳо) ва номинатсияи «Фалак» (Ҳунарҳои сарояндагӣ) машғул буда, сипас он барои шомил гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод мешавад.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи навбатии кумитаи байнулмилалии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки дар Намибия доир мегардад, аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди номинатсияи «Чакан» дар назар буда, он имкон медиҳад, ки ҷаҳониён бори дигар бо мероси ғании фарҳангии тоҷикон аз наздик ошно гарданд.
Қобили зикр аст, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба корҳои таҳияи мавод ҷиҳати ба комиссияи байнулмилалии ЮНЕСКО пешниҳод кардани номинатсияҳои «Читгарӣ» ва «Атлас» идома медиҳад.
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Доналд Трамп ва Владимир Путин дар дуввумин суҳбати телефонии худ чӣ гуфтанд?
Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока ба муносибати ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон. Дар куҷо ва нарх чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста