Коршиносони Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯйхати тавсияҳо бо эродҳои интиқодӣ ба унвони ҳукумати Тоҷикистон аз рӯйи натоиҷи гузориши навбатии кишвар дар бораи иҷрои Аҳдномаи байнулмилии оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро, ки аввали моҳи июл пешниҳод гардида буд, ба нашр расониданд.

Дар иттилоияи муштараки Эътилофи ТҒД Тоҷикистон ва Федератсияи байнулмилалии ҳуқуқи инсон (FIDH) зикр мегардад, ки аксари тавсияҳо тибқи масоили пешниҳоднамуда аз ҷониби Эътилофи мазкур ва FIDH зимни иҷлосияи 108-уми Кумитаи ҳуқуқи башари СММ моҳи июли соли 2013 таҳия шудаанд.

Эътилофи ТҒД Тоҷикистон ва Федератсияи байнулмилалии ҳуқуқи инсон (FIDH) аз ҳукумати Тоҷикистон баррасии дақиқ ва иҷрои тавсияҳои Кумитаро даъват кардаанд, ки таъмини фаъолияти пурсамар ва мустақили Омбудсмен, кафолати мустақилияти судҳо, дастрасии боздоштшудагон ба ҳимоятгар, таъмини озодии баён ба журанлистон ва шаҳрвандони кишвар, бозбинии қонунҳо дар бораи таҳқир ва тӯҳмати шахсият, бекор кардани ҳукми қатл ва таъмини тафтиши пурра ва фаврии марги маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, роҳ надодан ба ҳодисаҳои маҷбур ба ватан баргардонидани шахс, тафтиши мунсифона ва саривақтии ҳодисаҳои шиканҷаву кирдори бераҳмона ва муҷозоти гунаҳкорони он, бозбинии қонунҳои сабти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва барқарор намудани ташкилотҳои ғайридавлатие, ки фаъолияташон ғайриқонунӣ қатъ ва манъ шудааст, ҳавасманд кардани иштироки аққалиятҳои миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва мақомоти давлатии қабули қарор ва ғайра аз ҷумлаи ин тавсияҳо мебошанд.

Дар тавсияҳо Кумита ҳамчунин аз маълумот перомуни фавтидагон ва захмиён аз ҳисоби шаҳрвандони мулкӣ дар рӯйдодҳои моҳи июли соли гузаштаи Хоруғ ва то ба ҳол ба итмом нарасидани тафтиши ин ҳодисаҳо изҳори нигаронӣ кардааст. Ба ҳукумат тавсия дода шудааст, ки гунаҳкорони ин ҳодисаҳо муҷозот ва ба ҷабрдидагону оилаҳои онҳо ҷубронпулӣ пардохта шавад.

Дар тавсияҳои Кумита ҳамчунин аз маълумот дар бораи бо мақсадҳои сиёсӣ таҳти таъқиб қарор гирифтани раҳбарони нерӯҳои сиёсии мухолиф ба хотири пешгирии иштироки онҳо дар интихоботи оянда низ изҳори ташвиш мешавад. Дар ин робита Кумита бахусус аз боздошти Зайд Саидов, ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» изҳори нигаронӣ намуда, тавсия додааст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд ба Зайд Саидов ҳуқуқи озодии шахсӣ ва мурофиаи судии боадолатонаву мунсифонаро кафолат диҳанд.