Иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон, нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Тошканд майдони ба номи Ислом Каримов бунёд гардад.

«Барои абадӣ гардонидани хотираи ин шахсияти маъруф ва бар асоси пешниҳодҳои сершумори ҳамватанон пешниҳод мекунам, ки дар маркази пойтахти кишварамон майдони бузурги ба номи Ислом Каримов бунёд гардида, дар он ҳайкали президенти нахустини Ӯзбекистон қомат афрозад», - гуфтааст Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ назди интихобкунандагони шаҳри Тошканд. Дар ин бора хабаргузории REGNUM иттилоъ медиҳад.

Қаблан аввали моҳи ноябр як майдони мавзеи Якиманкаи шаҳри Маскав низ Ислом Каримов номгузорӣ шуд. Дар шаҳрдории Маскав дар ин робита изҳор дошта буданд, ки Ислом Каримов номгузорӣ шудани ин майдонро донишмандон, сиёсатмадорон ва аҳли ҳунари Русия ва Ӯзбекистон дархост кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4 ноябр дар Ӯзбекистон маъракаи пешазмуҳлати интихоботи президенти ин кишвар доир мегардад. Айни замон дар ин ҳамсоякишвар маъракаи овоздиҳии пешазмуҳлат ҷараён дорад, ки то 2 декабр идома меёбад.