Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарореро ба имзо расонид, ки мутобиқи он барои бунёди муҷассамаи аввалин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов озмуни байнулмилалӣ эълон мешавад.

Бино ба маълумоти сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар ин озмун натанҳо ҳайкалтарошони дохили кишвар, балки муҷассамасозони саросари дунё тарҳҳои худро пешниҳод карда метавонанд.

Мувофиқи қарори президент ҳайати кумитаи тадорукоти ин озмуни байнулмилалӣ таъсис дода шуда, роҳбарии он ба дӯши муовини нахуствазири кишвар Абдулло Орифов вогузор гардидааст.