Нахустин ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошканд рӯзи 29-уми ноябр имзо шудааст.
Маросими имзои тафоҳумнома дар ҷараёни аввалин ҷаласаи Сарони мақомотҳои милитсия (политсия)-и пойтахти кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Ин санадро сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода ва муовини ВКД-и Ӯзбекистон, ҳамзамон сардори Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошканд генерал-майор Рустам Ҷӯраев имзо карданд.
Дар ҷаласаи мазкур Шариф Назарзода суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши ғайриқонунии силоҳ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами мақомоти милитсия (политсия)-и пойтахти кишварҳои аъзо, инчунин раванди ислоҳоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷалб кард.
Ба гуфтаи ӯ, роҳандозии якчанд амалиёту чорабиниҳои профилактикӣ ба коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон оварда расонид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста