Бонки марказии Қазоқистон дар нимрӯз барои дастгирии қурби пули миллӣ 104 миллион доллар сарф кардааст. Ба огаҳии бонк, қурби доллари амрикоӣ дар давоми як рӯз дар Қазоқистон ба 465,9 танга расидааст. Дар ҳоле ки субҳи 24 феврал он 437 тангаи қазоқӣ буд.
Бонки миллии Қирғизистон низ вазъи асъори хориҷӣ ва пули миллиро шарҳ додааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар натиҷаи ҳаводиси Укроин ва таҳримҳои Амрикову Аврупо бар зидди Русия қурби доллар дар баробари пули миллии он кишвар боло рафтааст.
Бонкҳои Қирғизистон 24 феврал қурби долларро якбора боло бурдаанд. Он аз 84,9 соми қирғизӣ то ба 95 сом боло рафтааст.
Рӯзи 24-уми феврал, пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин, қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон низ якбора поин омад.
Дар чанде аз бонкҳои Тоҷикистон (Эсхата ва Амонатбонк) рӯзи панҷшанбе ба радиои "Озодӣ" тасдиқ кардаанд, ки 1000 рубли русӣ ба 128 сомонӣ баробар шудааст. Дар чанд бонки дигар онро то 120 сомонӣ фаровардаанд.
Дар ҳоле ки як рӯз пеш 1000 рублро ба 141 сомонӣ иваз мекарданд. Дар оғози ҳафта ин рақам ба 149 сомонӣ баробар буд.
Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон поин рафтани қурби рубли русиро дар кишвар тасдиқ ё рад накардаанд. Дар сомонаи расмии Бонки Миллӣ ҳанӯз ҳазор рубл ба 141 сомонӣ баробар аст.
Сокинон дар Тоҷикистон поин ва болоравии қурби рубли русиро ҷиддӣ мегиранд. Беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами онҳо ҳаққи кори худро бо рубли русӣ ба кишвар мефиристанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста