Додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек ба таври ғоибона Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистонро ба 11,5 соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ чанд сол пеш аз зиндон раҳо шуда буд.
Ба навиштаи хабаргузории “АКИpress” Алмосбек Отамбоев барои ғайриқонунӣ азхуд кардани қитъаи замин, ҷамъоварии ғайриқонунии сарват ва иштирок дар ошӯбҳои 7-8 августи соли 2019 гунаҳкор дониста шудааст.
Ҳамчунин додгоҳ қарор кардааст, ки молу мулки Отамбоев мусодира шуда, ӯ аз ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум ва ҷарима карда шавад.
Назари худи Отамбоев ба ин ҳукми додгоҳ маълум нест. Тибқи маълумоти расонаҳо, ӯ ҳоло дар Испания қарор дорад. Танҳо вакили дифои ӯ гуфтааст, ки додрас иҷоза надодааст, ки парвандаи зерҳимояаш алоҳида дар як истеҳсолот ҷамъоварӣ карда шавад.
Якҷо бо Отамбоев, ҳамчунин Фарид Ниёзов, раҳбари пешини дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон низ ба 7 солу 8 моҳ равонаи зиндон шудааст.
Ҳамчунин, дар доираи ин парванда 17 нафари дигар, аз ҷумла чанд вакили пешини парлумон, вазири пешин, рӯзноманигор, муҳофиз ва ҷонибдорони Отамбоев низ ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд.
Додгоҳ чанде аз маҳкумшудагонро бо сабаби гузаштани муҳлати даъво, аз адои ҷазо дар зиндон озод кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Алмосбек Отамбоев аз соли 2011 то 2017 раисҷумҳури Қирғизистон буд. Соли 2019 ӯ аз дахлнопазирии раисҷумҳурӣ маҳрум ва ба фасод айбдор карда шуд.
Пас аз он, 7-уми августи соли 2019, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон ду маротиба кӯшиш карданд, ки ба қароргоҳи Отамбоев дар деҳаи Кӯй-Тоши канори Бишкек ворид шуда, ӯро ба ҳабс гиранд, аммо бо муқобилияти ҷонибдорони раисҷумҳури пешин рӯбарӯ шуданд.
Амалиёти боздошти раисҷумҳури пешин ду рӯз идома кард ва дар он ҳудуди 3 ҳазор корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният иштирок карданд. Дар пайи задухӯрди кормандони мақомоти қудратӣ бо ҷонибдорони Отамбоев 1 корманди хадамоти вижаи мақомоти корҳои дохилӣ ҷон бохта, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар рӯзи дуюми амалиёт ба кормандони мақомоти қудратии таъиноти махсус муяссар шуд, ки муқовимати ҷонибдорони раисҷумҳури пешинро шикаста, ба қароргоҳи ӯ шаванд. Пас аз музокира, Отамбоев аз ҷонибдоронаш хост таслим шаванд ва худро ба мақомот таслим кард.
Пас аз чанде додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек Отамбоевро барои даст доштан дар коррупсия зимни озод кардани ҷинояткори маъруф Азиз Батукаев гунаҳкор донист ва ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард.
Пас аз 4 сол, 14-уми феврали соли 2023 Отамбоев аз зиндон раҳо гардид ва дар як мулоқоти раисҷумҳурони Қирғизистон, ки ҳамон сол дар Дубай аз сӯйи раисҷумҳури кунунии ин кишвар Содир Жапаров ташкил гардид, иштирок кард.





"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста