Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бозиҳои даври нуҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо «Ҳосилот»-и Фархор мусовӣ - 1 бар 1 анҷом ёфта, душанбегиҳо маротибаи дуюм аст, ки вохӯриро мусовӣ анҷом дода, имтиёзҳоро аз даст медиҳанд.

Гуфта мешавад, се бозии дигар бо пирӯзии соҳибони майдон анҷом ёфтааст: «Вахш « (Қӯрғонтеппа) - «Регар-ТадАЗ» (ш.Турсунзода) - 2:1; КМВА «Помир» (Душанбе) - «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров) - 3:0 ва «Барқчӣ (Душанбе) - «Хайр» (ш.Ваҳдат) - 2:1. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ тими «Хуҷанд»-и Хуҷандро қабул карда,  бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрд.

Зимнан зикр мегардад, ки бозиҳои мавқуфмондаи даври 8-ум рӯзҳои 18-19 июн баргузор гардида, бо ҳамин даври аввали мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон (9 бозӣ) ба охир мерасад. Дар ин давр чунин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд: «Парвоз» - «Вахш»; «Регар- ТадАЗ» - «Равшан»; «Истиқлол» - КМВА «Помир»; «Хуҷанд» - «Барқчӣ» ва «Хайр» - «Ҳосилот».

Пас аз 8 давр ҷадвали мусобиқа тариқи зайл аст:

 

 

Б

Ғ

М

Б

Т

Х

1

«Истиқлол»

8

6

2

0

27-10

20

2

«Ҳосилот»

8

4

3

1

12-8

15

3

КМВА «Помир»

8

4

1

3

11-7

13

4

«Вахш»

8

4

1

3

15-15

13

5

«Барқчӣ»

8

4

1

3

12-12

13

6

«Хуҷанд»

8

4

0

4

8-14

12

7

«Хайр»

8

3

3

2

13-6

12

8

«Регар-ТадАЗ»

8

3

1

4

12-11

10

9

«Парвоз»

8

1

1

6

7-17

4

10

«Равшан»

8

0

1

7

8-25

1

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 7 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»)– 5 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ .