Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия гуштигири тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода медали тилло ба даст овард. Ӯ дар вазни то 74 кило қувваозмоӣ карда, ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, бо гузашти 42 сол Беҳрӯз Хоҷазода натиҷаи гуштигири маъруфи тоҷик Саидмумин Раҳимовро такрор кард, ки соли 1975 дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри минск қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Беҳрӯз рӯзи шанбе бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ ё ҳалкунанда бар паҳлавони Беларус Степан Попов (Stsiapan Papou) пирӯз омад ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ шуд.
Гуфта мешавад, дар рӯзи дувуми мусобиқот чаҳор паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Ба ҷуз Беҳрӯзи Хоҷазода, Акмалиддин Каримов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило мақоми дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари русиягӣ Саян Хертек мағлуб шуд.
Инчунин ду нафари дигар дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ карда, Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Вале Бахтовар Замиров дар вазни зери 82 кило бе медал монд.
Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон-2017 оид ба самбо дар Сочи наздики 1000 варзишгар (мардону занон) аз 90 кишвар иштирок менамоянд. Аз ҷумла варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Чин, Ҳонг Конг, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д Ивуар бори аввал дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо барои медалҳо рақобат мекунанд.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста