Дар маросими анҷоми лоиҳаи “Беҳтар намудани лавозимоти варзишӣ-тамринӣ барои варзишгарони маъюб”, ки санаи 22 май доир гардид, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока ва Абдурауп Алимов, раиси Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон иштирок карданд.

Маблағи умумии лоиҳа 82,929 доллари ИМА буда тавассути кумакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Ҷопон ва ҳамчун қисми таркибии барномаи “SPORT FOR TOMORROW (ВАРЗИШ БАРОИ ФАРДО)” ҷудо карда шуд.

Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1989 таъсис ёфта мақсади аслиаш идора намудан ва рушди варзиш байни варзишгарони маъюб дар Тоҷикистон ва таъмини дастрасии оммавӣ ва маъруфияти варзиш байни одамони маъюб мебошад.


“Лоиҳаи беҳтар намудани лавозимоти варзишӣ-тамринӣ барои варзишгарони маъюб” хосса бахри фароҳам овардани шароит барои одамони маъюб тарҳрезӣ шудааст, ки мунтазам тамрин бо аробачаҳои маъюби варзишӣ дар марафон, баскетбол, тенниси рӯи миз ва ҷудои Паролимпӣ ва ғайра нигаронида шудаст.

Тибқи лоиҳаи мазкур ба толорҳои варзишии Федератсия, воқеъ дар шаҳрхои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар (қабл Қӯрғонтеппа) ва ноҳияи Шаҳринав, 8 аробача барои баскетбол, 8 аробачаи фаъол барои тенниси рӯи миз, 3 аробача барои марафон, 4-донаги  роҳдавак, велотренажер, курсии маҳскунӣ ва 300м2 татами дастрас карда шуд. Таҷхизоти мазкур барои таёр кардани варзишгарон барои мусобиқаҳои байналмилаллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Федератсия дар саросари кишвар мусоидат менамояд.


Тавассути барномаи Ҷопонӣ “SPORT FOR TOMORROW” як қатор лоиҳаҳо дар саросари ҷаҳон амалӣ мешаванд. Барнома ба густариш ва ҳавасманд гардондани варзиш, минҷумла ҳаракати Олимпӣ ва Паролимпӣ барои одамони насли гуногун, аз ҷумла ҷавонони ояндасоз равона шудааст.

Барнома дар давраи солҳои 2014 – 2020 амалӣ гашта, беш аз 10 миллион нафарро дар зиёда аз 100 кишвари дунё дар бар мегирад. Босамар ва бомуваффақ амалӣ намудани барномаи “SPORT FOR TOMORROW” то Бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпии Токио 2020 аз шумули ӯҳдадориҳои Ҳукумати Ҷопон мебошад.