Бошгоҳи"Истиқлол"-и Тоҷикистон дар дувумин бозияш дар давраи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 бар бошгоҳи АГМК-и Узбекистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ин пирӯзии "Истиқлол"-ро таърихӣ унвон кардааст.
Бозии "Истиқлол" бо барандаи мақоми сеюми қаҳрамонии футболи кишвари ҳамсоя 18-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.
Голҳои “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов (ду то) ва Муҳаммадҷон Раҳимов заданд. Ҳамчунин як голи дигарро Йован Ҷокич, бозигари АГМК, ба дарвозаи дастаи худаш зад. Муаллифи ду голи АГМК Зафар Полвонов шуд.
Зимнан, ин аввалин пирӯзии “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ба шумор меравад. Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода буд.
Ҳоло дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “А” бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол” ва “Истиқлол” бо чоримтиёзӣ пешсаф шуданд. АГМК ва “Шабоб Ал-Аҳлӣ” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон боз чор бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии севуми худ "Истиқлол" рӯзи чоршанбеи 21-уми апрел бо бошгоҳи «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) рақобат хоҳад кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста