Ҷаҳонгир Маҷидов, ҷудокори варзидаи тоҷик дар дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми ҷудои Аврупо (Orenburg Senior European Cup 2021), ки дар вазни -90 кг ҳунарнамоӣ мекард, аз ҳамватани муқими Русияи худ, Мирзо Шукориев шикаст хӯрд ва ҳамин тариқ соҳиби медали нуқраи ин мусобиқот шуд.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал ин мусобиқот ҷудокори маъруфи дигари ҳамтабори худ - Ёқубҷон Назировро, ки аз Русия намояндагӣ мекунад, шикаст дод.
Дар чорякниҳоӣ, Эмил Курбанови рус дар ниманиҳоӣ низ варзишгари дигари мизбон Адам Утсиевро мағлуб кард.
Ҳақназар Назаров (-81кг), ҷудокори дигари тоҷик дар даври аввал аз Томас Снайдерси нидерландӣ бо шикаст хӯрд. Хушвақт Идиев (-81кг) намояндаи дигари Тоҷикистон ҳам дар даври аввал баъди рақобати шадид бо варзишгари Қазоқистон - Ерахан Нуридин «голден скор» ба бохт мувоҷеҳ шуд.
Амирҷони Насимҷон ҷудокори дигари тоҷик дар вазни -90кг дар даври аввал Турпал Сатаеви Русияро шикаст дод. Ин паҳлавони тоҷик ҳам аз ҳамтабори русиягии худ – Мирзо Шукориев дар даври баъдӣ, дар камтар аз 30 сония шикаст хӯрд.
Паҳлавони дигари тоҷик дар вазни -100 кг Абубакри Акобир ҳам дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори кишвари мизбон Саид ГАДЖИЕВ шикаст хӯрду аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста