Дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В”байни ҷавонони то 23-сола (U-23), ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол намуд.
Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар даври охири марҳилаи гуруҳӣ футболбозони тоҷик аз дастаи Эрон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрданд. Дар натиҷа дастаи Эрон аз ҷойи якум мустақиман ба давраи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт.
Сарфи назар аз бохт ба тими Эрон, мунтахаби Тоҷикистон ҳоло ҳам имкон дорад, ки ба роҳхат ба даври финалии Ҷоми Осиё-2022 соҳиб шавад.
Мувофиқи регламенти мусобиқа, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ғолибони 11 гуруҳ ва 4 дастаи беҳтарини зинаи 2-юмро ишғолкарда ба даври финалӣ роҳхат мегиранд.
Айни замон Тоҷикистон байни 4 дастаи беҳтарини зинаи 2-юмро ишғолкарда дар гуруҳҳо қарор дорад. Лекин роҳхат гирифтани дастаи мо аз натиҷаи бозӣ байни дастаҳои Ветнам ва Мянма дар гуруҳи «I» вобаста аст, ки 2 ноябр дар Бишкек доир мегардад.
Дар сурати ғалабаи яке аз дастаҳо бо ҳама гуна ҳисоб, ба ҷуз 4:3 (5:4, 6:5 ва ҳамин тавр зиёдтар аз ин), роҳхат ба даври финалӣ насиби дастаи Тоҷикистон мешавад. Агар ин бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба анҷом расад, дар ин ҳолат кортҳои зарди гирифтаи дастаҳо ҳисоб карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста