Тими миллии футзали бонувони Қирғизистон барои ширкат дар чемпионати CAFA-2022 вориди Тоҷикистон шудааст. Ин чемпионат миёни бонувон аз 19 то 29-уми январ барпо мешавад ва барои иштирок дар он мунтахаби Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба Душанбе даъват шудаанд.
Иттиҳодияи футболи Қирғизистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, ки дастаи мунтахаби занони футзали ин кишвар тариқи транзит, тавассути Тошканд барои ширкат дар мусобиқаи байналмиллалии CAFA Women's Futzal Championship вориди Душанбе шудааст.
Иттиҳодия гуфтааст, дар чемпионати Душанбе тимми миллли бонувони футзали Қирғизистон бо ду дарвозабон ва 11 бозингар ширкат мекунад.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати CAFA-2022 аз рӯйи футзал миёни тимҳои миллии бонувон аз 19 то 29-уми январ дар Маҷмааи варзишии қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе, ки се ҳазор ҷойи нишаст дорад, сурат мегиранд. Ин аввалин мусобиқа дар соли ҷорӣ аст, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Гуфта мешавад чаҳор дастаи мунтахаби миллии Тоҷикситон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои дарёфти унвони чемпионӣ рақобат мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистонро сармураббӣ Шамшод Ниятбеков роҳбарӣ мекунад.
Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар ду давр доир мешавад ва ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дар ниҳоят дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб дониста мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тоҷикистон ва Украина дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт. Дар ҷаласаи СПАД ширкат мекунад
Синни нафақаро пойин кунед: тазоҳуроти занон дар чаҳор шаҳри Қазоқистон
"Ҳафтгонаи бузург" аз Чин хостанд ба Русия ёрӣ нарасонад
Расонаҳои Афғонистон аз даргирии чорсоати "Толибон" бо марзбонони Тоҷикистон хабар медиҳанд
Ҳалокати ҷавоне дар “трансформатор". Шоҳидон: аз “облава” мегурехт, мақомот рад мекунанд
Қазоқистону Покистон содироти шакарро манъ карданд. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад дошт?
Сергей Лавров: “Бори асосии бозсозии Афғонистонро бояд амрикоиҳо ва иттифоқчиёнашон бар дӯш гиранд”
Дар Тоҷикистон 15 май Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад
Боз як навъи электромобилҳои нав дар Тоҷикистон. 10 сомонӣ захираи барқ барои 410 километр
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста