Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - 17 июли соли равон дар толори маҷлисгоҳи қасри «Пойтахт» иҷлосияи навбатии чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

       Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки раиси шаҳр дар ин хусус қарор ба имзо расонидааст.

      Бино ба иттилои сарчашма, ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №57, ҳисоботи муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти шаҳрдорӣ оид ба масоили омодагӣ ба фасли зимистон пешниҳод гаштаанд.

     «Илова ба ин, ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов дар бораи ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2008 шунида шуда, оид ба абадӣ гардонидани хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Павел Ханжин қарор қабул карда мешавад», - идома дод Ш.Саидов.