Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс»
- Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат ҳосили зироатҳои ғалладонагиро ҷамъоварӣ карда истодаанд. Тибқи маълумотҳои фаврии вазорати кишоварзии мамлакат то аввали моҳи июль дар ҷумҳурӣ 110 ҳазору 526 тонна зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он 105 ҳазору 999 тоннаашро гандум ташкил медиҳад.
Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад, ки то аввали ҳафта 72 ҳазору 837 гектараш ва ё ба миқдори 24,9% даравида шудааст. Миқдори умумии маҳсулоти ғалладонагии ҷамъоваришуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 ҳазору 199 тонна зиёд мебошад, ҳосили гандуми имсола бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 60 ҳазор тонна бештар аст.
Дар вазорат ҳамчунин хабар доданд, ки рӯзҳои наздик дарави ғалла тариқи комбайнҳо фаъол гардид, имрӯзҳо дар майдонҳои зироатии кишвар аз 370 то 400 комбайнҳои ғалладаравии хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида дар мавсими дарав иштирок доранд.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста