Конибодом. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷамоати ба номи Ғафурҷон Ортиқови ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд корхонаи хурди истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори пурра ба кор даромад.

     Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» соҳибкор Абдуфаттоҳ Мӯминов изҳор дошт, ки акнун дар се баст 53 ҳазор дона хишт истеҳсол мегардад, ки ба ҳамаи меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ аст.

     «Мавриди истифода қарор гирифтани корхона талаботи аҳолиро қонеъ месозад ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки 50 нафар бекорон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд», - гуфт ӯ.

     Ба гуфтаи сарчашма, то охири сол дар корхона ният доранд, ки инчунин истеҳсоли гипсокартонро низ ба роҳ монанд ва 15 нафари дигарро бо кор таъмин кунанд.

     Дар ҳамин ҳол, муовини раиси шаҳр Аҳрорхон Саримсоқов зикр кард, ки то охири соли ҷорӣ дар ҷамоати ба номи Раҷаб Ҳамробоев боз як корхонаи истеҳсоли хишт бо иқтидори 13 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз сохта мешавад ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бунёди он қитъаи замин ҷудо кардааст.