Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Дар Тоҷикистон шояд мақомоти тозае баҳри муттаҳиду ҳамоҳангсозии фаъолияти васоити ахбори омма (ВАО) ташкил дода шавад», - изҳор дошт имрӯз сармутахассиси шӯъбаи иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Маҳмудхон Сараев.

Имрӯз зимни баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тавсеаи муколамаи озод миёни мақомоти ваколатдори иҷозатномадиҳӣ ва созмонҳои телевизиону радио дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ» ӯ гуфт, ки шояд он вазорати иттилоот ном гирад. Конфронси мазкур пагоҳ низ идома меёбад.

Дар ҳамин ҳол, М.Сараев бо ишора ба консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, зикр кард, ки санади номбурда ташкили чунин мақомотро пешбинӣ мекунад.

Ба қавли ӯ, айни замон соҳаи ВАО-и чопиро Вазорати фарҳанг ва электрониро Кумитаи радиову телевизиони назди Ҳукумати ҶТ назорат мекунад, вале ин ба талаботи сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот ҷавобгӯ нест.

«Ин соҳаи таблиғотӣ аст ва мо бояд дар ҳамдастӣ баҳри рушди он кӯшиш ба харҷ диҳем», - афзуд М.Сараев.