Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар боздиди раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии (ММ МО) ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчамасоили ҳамкориҳои дуҷонибаи парлумони Тоҷикистон бо ин марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёвари раиси ММ МО ҶТ оид бо робитаҳо бо васоити ахбори омма ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон саҳми СММ-ро дар пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намудааст.

«Ӯ таъкид сохт, ки таъсиси Маркази дипломатияи превентивӣ, ба хусус дар шароити кунунӣ иқдоми муассиру саривақтӣ аст, зеро пешгирии ихтилофҳои гуногун аз рафъи оқибатҳои баъдии он осонтар аст, - изҳор дошт сарчашма. - Ғайр аз ин, М.Убайдуллоев зикр кард, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ҳамаи кишварҳо бидуни дарназардошти сатҳи рушд ва мақом дар раванди ҷаҳонишавӣ, танҳо дар асоси ба роҳ мондани усулҳои ҳамзистии мусолиматомез, ҳамкории мутақобила ва якдигарфаҳмӣ ба комёбиҳо ноил хоҳанд гашт».

Ш.Саидов ҳамчунин изҳор дошт, ки М.Убайдулллоев аз роҳбари Маркази дипломатияи превентивӣ хостори он шудааст, ки кӯшишу талошҳои марказ дар ҳамдастӣ бо тамоми сохторҳои минтақавии СММ ба суботи вазъи Афғонистон низ мусоидат кунанд.

«Мирослав Енча бо изҳори қаноатмандӣ зикр кард, ки пешниҳодоту хоҳишҳо зимни тартиб додани нақшаи фаъолияти марказ ба назар гирифта мешаванд ва ҳамкории дуҷониба минбаъд рушд хоҳад ёфт», - афзуд Ш.Саидов.