Душанбе. 4-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Яке аз ширкатҳои бузургтарини истеҳсоли алюминии Ҳиндустон «Налко» нияти харидории миқдори зиёди сармояи оинномавии корхонаи металлургиро дар Тоҷикистон доштааст. Дар ин бораи маҷаллаи «Металлоснабжение и сбит» (Таъмини металл ва фурӯши он) бо истинод ба директори молиявии ширкати «Налко» Б.П.Багра иттилоъ додааст.
«Гуфтушунидҳо дар ин бора аҳол дар марҳилаи оғоз қарор доранд», - гуфтааст Багра ва афзудааст, ки корхонае, ки дар назар аст, иқтидори истеҳсоли 440 ҳазор алюминий дар як солро доро будааст.
«Ҳарчанд дар ширкат мушаххасан номи ширкатро намегӯянд, вале маълум аст, ки сухан дар бораи Корхонаи алюминии Тоҷикистон (Талко) меравад, зеро дар Тоҷикистон он ягона корхонае мебошад, ки чунин металл истеҳол мекунад», - менависад маҷалла. Ҳамчунин бо истинод ба сарчашмаи номаълум аз ҳукумати Тоҷикистон маҷалла менависад, ки ширкати ҳинду ба харидории 51%-и саҳмияҳо манфиатдор будааст.
Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) Саёҳат Қодирова изҳор дошт, ки ҳеҷ гуфтушуниде дар мавриди харидории саҳмияҳо бо ширкати ҳинду сурат нагирифтааст.
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста