Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдутолиб Аҳмедов зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кишвараш ҷиҳати ширкат дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон манфиатдор аст.
«Қазоқистон барои иштирок дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳи хос дорад, вале айни замон дар бораи ҳаҷми саҳми иқтисоди кишвар ба он чизе гуфтан душвор аст», - гуфт ӯ.
А.Аҳмедов зикр кард, ки соҳибкорон ва ширкатҳои Қазоқистон имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон муваффақона фаъолият доранд. «Қазоқистон корхонаҳои бекорхобидаи пойтахти Тоҷикистонро хариданист, то онҳо ба фаъолият шурӯъ намоянд», - гуфт дипломат.
Ба қавли сафир, имрӯз миёни кишварҳо ҳеҷ масоили ҳалношудае мавҷуд нест. «Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон ба Остона як қатор мулоқоти ҷонибҳо пешбинӣ гардидааст, вале ман айни замон мушаххас гуфта наметавонам, ки дар он кадом масъалаҳо баррасӣ хоҳанд гардид», - афзуд ӯ.
А.Аҳмедов ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон ба иқтисоди Қазоқистон мутахассисон заруранд. «Ман аз таҷрибаву малакаи тоҷикистониён дар соҳаи сохтмон ба хубӣ огоҳам ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик мо низ аз он истифода хоҳем кард», - гуфт сафир.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста