Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -
Иттифоқи Истеъмолкунандагони Тоҷикистон (ИИТ) имрӯз дар мавзӯи «Ифтитоҳи Марказҳои доимамалкунанда оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар бахши таъмини барқу газ» конфронси матбуотӣ доир сохт. Дар ташкил ва баргузории чорабинии мазкур Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри
XXI
» мусоидат кард.
Дар нишасти хабарӣ сарвари иҷроияи ИИТ Баҳодур Ҳабибов изҳор дошт, ки Марказҳои аввали моҳи ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд ифтитоҳ гардида, ба Шабакаи миллии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (ШМҲҲИ)муттаҳид карда шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, вазифаҳои лоиҳа аз ташкили сохтори мустақили ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони барқу гази табиӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои
истеъмолкунандагон, пешбурди ҳамкорӣ ва намояндагӣ аз манфиатҳои истеъмолкунандагон дар раванди ислоҳоти соҳаи энергетикии кишвар, инчунин таҳияву пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҶТ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ иборат аст.
«Шабакаи миллии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба аҳолӣ дар масоили таъмини барқу газ кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ расонида, машваратҳои телефонӣ, ташхиси мустақили ҳуқуқӣ ва намояндагии истеъмолгарон ҷиҳати ҳифзи манфиатҳояшон дар додгоҳро пешниҳод мекунад», - изҳор дошт Б.Ҳабибов.
Ӯ зикр намуд, ки ИИТ баргузор кардани чорабиниҳои васеи маърифатӣ, аз қабили доир сохтани тренингу семинарҳо, таҳияи наворҳои иҷтимоӣ, нашри варақаҳои иттилоотӣ, гузаронидани семинарҳо барои сарварони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва кормандони бахши таъмини барқу газро ба нақша гирифтааст.
«Марҳилаи аввали фаъолияти ШМҲҲИ пас аз 14 моҳ ба анҷом мерасад, - изҳор дошт сарвари иҷроия. - Тайи ин муддат дар ҳаҷми кофӣ маълумоти хусусияти гуногундошта барои натиҷагирии минбаъда ҷамъоварӣ карда мешавад».
Б.Ҳабибов инчунин иттилоъ дод, ки айни замон дар се шаҳри фарогирифтаи шабака 11 нафар машғули коранд.
Зимни посух ба суол доир ба натиҷаҳои фаъолияти ИИТ, номбурда гуфт, ки баъд аз муроҷиат ба додгоҳ дар мавриди дуздидани ҳисобкунаки барқии яке аз сокинони шаҳри Чкаловск, ба мо муяссар гардид, ки дар мурофиа пирӯ
з
шавем ва додгоҳ «Маркази фурӯши барқ»-и шаҳри Чкаловскро ӯҳдадор сохт, то ба истеъмолгар ба таври ройгон ҳисобкунаки нав насб созад.
Дар мавриди тақозои пешпардохти маблағи бештар аз нишондоди ҳисобкунакҳои газӣ, Б.Ҳабибов таъкид сохт, ки пешпардохт танҳо бо ризоияти истеъмолгар сурат мегирад.
«Зимистони гузашта ширкати «Сомонсуғдгаз» пешпардохт талаб карда, ба аҳолӣ таъмини шабонарӯзии газро ваъда дода буд, вале баъдтар маълум шуд, ки он танҳо фиреб будаасту халос, - изҳор дошт ӯ. - Аз ин рӯ, ба хубӣ огоҳ будани аҳолӣ аз ҳуқуқҳои худ, инчунин талаби риояи он заруру ҳатмист ва ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани чунин тарзи кор Иттифоқи истеъмолкунандагон васоити ахбори оммаро ба ҳамкорӣ даъват мекунад».
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста