Шаҳбол Мирзоев, сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ҳафт сол пеш ҳангоми адои хидмати сарбозӣ дар артиш маъюб шуда буд, даргузашт. Дар ин бора хабарнигори Asia-Plus дар вилояти Суғд бо такя ба наздикони Шаҳбол Мирзоев хабар медиҳад.
Ба гуфтаи хабарнигори мо, Шаҳбол Мирзоев чанд вақти ахир дар Беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ буд ва дар шуъбаи эҳёи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд баъди 6 рӯз бистарӣ шудан даргузашт.
Дар ҳоли ҳозир далели марги Шаҳбол Мирзоев гуфта нашудааст, вале ҳафтаи гузашта табибон дар ӯ нишонаҳои илтиҳоби шушро ташхис дода буданд.
Ба иттилои хабарнигори мо, ҷасади Шаҳбол Мирзоевро падару модар ва бародараш, ки аз ӯ дар беморхона парасторӣ мекарданд, ба зодгоҳашон, ноҳияи Ашти вилояти Суғд бурданд. Қарор аст имрӯз маросими ҷанозаи ӯ дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ин ноҳия баргузор шавад.
Қазияи Шаҳбол Мирзоев яке аз пурсарусадотарин қазияҳои сарбозозорӣ ё "дедовшина" дар Тоҷикистон буд, ки баҳсҳои зиёди судӣ саранҷом бо пардохти 40 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ аз сӯйи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Шаҳбол моҳи марти соли 2014 бар асари лату кӯби шадиди як ҳамхидматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, ки устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати дароз лозим мешавад.
Дар панҷ сол Шаҳбол Мирзоев аввал дар бемористонҳои Тоҷикистон ва баъдан дар як шифохонаи Русия ҷарроҳӣ ва муолиҷа шуд. Солҳои охир дар бемористони шаҳри Хуҷанд муолиҷа мешуд.
Барои лату кӯби Шаҳбол Мирзоев додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдершери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро ба 1,5 соли корҳои иҷборӣ маҳкум кард. Вале баъди содир шудани қонуни афв, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Русия ба Тоҷикистон 275 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста