Барехе расонаҳо аз як мулоқоти Аҳмади Масъуд, раиси Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд бо Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои Толибон ва фарзанди бунёдгузори ин ҳаракат дар Маскав хабар медиҳанд.
Ба навиштаи ин манбаъҳо ин мулоқот ин ша бу рӯз дар Маскав дар ҳоли ҷараён аст.
Шабакаи Afghanistan International бо такя ба манобеяш гуфтааст, ки Аҳмад Масъуд ҳамроҳ бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ барои мулоқот бо Мулло Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои ҳукумати Толибон ва Мулло Бародар, муовини нахуствазири ҳукумати Толибон ба Маскав рафтаанд.
Ҷабҳаи Муқовимат то кунан дар ин бора изҳори назаре накардааст.
Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар саҳфаи твиттараш навиштааст, ки "Мулло Яъқуб ва Мулло Бародар бо як сафари махфиёна ба Русия рафтаанд".
Дар ҳоли ҳозир масъули Толибон ин хабарҳоро на тасдиқ кардаанд ва на рад. То кунун ҷузъиёти ин сафарҳо маълум нест ва ҳамчунин рӯшан нест, ки ҳадаф аз ин сафарҳои махфиёна ва аз қабл эълонношуда чист.
Ин хабар дар ҳолест, ки ин шабу рӯзҳо дар шаҳри Ослои Норвегия як нишасти серӯзаи Толибон бо намояндагони сиёсатмадорон ва ҷомеаи мадании Афғонистон ҷараён дорад, ки рӯзи шанбе оғоз шуда буд.
Ҳайати Толибон дар нишасти Осло бо роҳбарии сарпарасти вазири хориҷиаи ҳукумати Толибон Амирхони Муттақӣ ширкат доранд.
Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Русия барои Афғонистон дар мавриди нишасти Норвегия гуфтааст, ки русия дар нишаст ҳатто ба унвони нозир ҳам ширкат надорад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста