Барои исботи иттиҳом дар парвандаи нав алайҳи Иззат Амон, ҳомии зиндонишудаи ҳуқуқи муҳоҷирон, ки соли гузашта ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост фиристода шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Саидбурҳон Шарипов вакили дифои Иззат Амон иттилоъ дод.
Ин дархост аз сӯйи вакили дифоъ ба ВКД ирсол шудааст.
Ба иттилои манбаъ, парвандаи нав оғоз шудааст ва зерҳимояи ӯ бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор бозпурсӣ шавад.
«Ҳоло маълум нест, ки зерҳимояи ман ин ҳолатро бар дӯш мегирад ё на. Дархост ба Раёсати тафтишотии ВКД низ дар ҳоле фиристода шуд, ки зерҳимояи маро бо шхсе, ки ба мақомот шикоят бурдааст, бояд рӯ ба рӯ бикунанд. Он гоҳ маълум мешавад, ки ин ҳолат то то куҷо исбот мешавад», - гуфт вакил.
Хотиррасон мекунем, ки наздикони Иззат Амон, боз шудани парвандаи нав алайҳи ӯро беасос медонанд ва мегӯянд, ки ин масъала ҳафт сол пеш ҳал шудаасту ниёзе ба боз кардани паврандаи нав нест.
Модари Иззат Амон, Ашӯрбибӣ Холова дирӯз, 9 март дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки бар зидди фарзандаш парвандаи нав кушодаанд ва барои баррасӣ Иззатро аз зиндони маъруф ба “Якум Советский” ба боздоштгоҳи мувақатии Душанбе (СИЗО) овардаанд.
Ӯ афзуд, шахсеро ки аз писараш ба мақомот шикоят бурдааст, мешиносад ва масъала сари 10 ҳазор долларе аст, ки ҳанӯз ҳафт сол пеш ҳал шудааст.
- Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони Мордова буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми он, 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд,- гуфт модари Иззат Амон.
Ашӯрбибӣ Холова афзуд, ки парвандаи нав нисбати писараш сохта буда, ин қазия асосе барои боз кардани парвандаи нав нест.
Бояд гуфт, ки ҳудуди се моҳ пеш дар “Ютуб” наворе пайдо шуд, ки марде худро Нурулло Воҳидов, сокини ноҳияи Бохтар муаррифӣ карда мегӯяд, барои аз зиндони Мардова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вале ӯ ваъдаашро иҷро накард.
Ин мард мегӯяд, забонхати Иззат Амонро баро гирифтани 10 ҳазор доллар дар даст дорад.
- Ман “срок” - амро шишта, буромадам, Тоҷикистон омадам. Чанд бор занг задамша, гуфт (Иззат Амон дар назар аст- муаллиф), ки ман пули туро “расход” кардам. Ман дар интернет мебинам, ки писари Иззат Амон мегӯяд, падари маро барои 320 сомонӣ зиндон карданд. Падари тӯ (Иззат Амон дар назар аст,- муаллиф) аз ман 10 ҳазор доллар қарздор аст, то ҳол барнагардондааст. Пули маро баргардонед,- мегӯяд Нурулло Воҳидов.
Ӯ дар идома аз мақомот хоҳиш намудааст, ки ба додаш расанд ва Иззат Амон заррашро барқарор кунад.
Ёдовар мешавем, ки Иззат Амон рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ карда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошта буд.
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста