Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик, ки дар мубориза барои дарёфти қарордод бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Викиро дар раунди якум шикаст дода буд, баъд аз зуҳри имрӯз, ба Душанбе баргашт.
Нурулло Алиев дар он мусобиқа ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷикистонӣ дар ташкилоти UFC шуд.
Пас аз қувваозмоӣ Нурулло бо президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дейна Уайт суҳбат карда, изҳор дошт, ки аллакай баъди як ҳафта омода аст, ки дар UFC аввалин қувваозмоии худро баргузор намояд.
Нурулло Алиев соли 2000-ум дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2021 размикори промоушени Fight Nights Global буд. Нурулло инчунин аввалин размикори тоҷик аст, ки бо яке аз ширкатҳои бузурги менеҷерӣ лар соҳаи МАА - First Round Management қарордод баст.
Алиев ҳунарнамоии касбии худро дар ММА соли 2018 оғоз намуда, дар якчанд мусобиқаҳои дохилӣ қувваозмоӣ кард. Қувваозмоии охирини худро ӯ моҳи сентябри соли гузашта доир намуда, бо қарори якдилонаи доварон пирӯз дониста шуд.
Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд 22 сол дошта, то имрӯз дар ташкилоти Fight Nights Global меҷангид. Уқоби Тоҷик” то имрӯз 6 бурд дошта, ягон бохт надорад.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста