Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (СPJ) дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи матбуот дар Тоҷикистон гуфтааст, он дар бадтарин шароити пас аз ҷанги дохилии солҳои 90-ум қарор дорад ва танҳо ду соли охир 7 хабарнигор “ҳамчун интиқом барои фаъолиятҳои журналистиашон” боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Намояндаи ин созмон зимни як сафараш ба Тоҷикистон дар поёни соли 2023 бо чанде аз рӯзноманигорон ҳузурӣ ва тариқи паёмрасонҳо суҳбат карда, вазъро аз қавли онҳо баҳогузорӣ кардааст.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, аз ҳукмҳои сангини чаҳор рӯзноманигор ва блогери тоҷик - Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Гулям, Далери Имомалӣ ва Улфатхоним Мамадшоева, ки аз 7 то 20 сол равонаи зиндон шуданд, ёдовар шуда, онро ҳамчун “нуқтаи авҷи олии маҳдуд кардани матбуоти мустақил дар Тоҷикистон” арзёбӣ кардааст.

Абдумалик Қодиров, раҳбари “Медиа-Алянси Тоҷикистон” дар суҳбат бо СPJ соли 2022-ро ҳамчун соли “торумори матбуоти мустақили тоҷик” унвон кардааст.

Муаллифони ин гузориш, ки таҳти унвони “Матбуоти мустақили Тоҷикистон зери фишори давлат нафасгир шудааст” рӯзи 4-уми январ нашр шуд, гуфтаанд, то 10 соли пеш матбуоти тоҷик нисбатан озодтар буд ва мақомот ба шарти гузориш надодани расонаҳо дар бораи раисиҷумҳур ва хонаводааш ба интиқоду баҳс иҷоза медоданд.

Ба гуфтаи чанде аз ҳамсуҳбатони Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, бо ҷурми гӯё “узвият” дар созмонҳои мамнӯи сиёсӣ маҳкум ба зиндон кардани 5 нафар аз 7 журналисти дар солҳои 2022 ва 2023 зиндонишуда ба мақомот имкон дод, то ба журналистони мустақил тамғаи “ифротгаро” зананд.

Ба навиштаи онҳо, ҳоло дар Тоҷикистон танҳо ду расонаи мустақили умда - хабаргузории хусусии “Азия-Плюс” ва Радиои Озодӣ, ки аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад, боқӣ мондааст ва онҳо низ ба таъқибу таҳдидҳо, ба мисли бастани сомонаҳояшон аз ҷониби интернетрасонҳои маҳаллӣ, рӯбарӯ шудаанд.

“Ба ақидаи журналистони маҳаллӣ, ин кор бо амри махуфи мақомоти давлатӣ сурат мегирад, то ки мақомот шонаи худро аз масъулияти эҷоди мушкил дар кори сомонаҳо холӣ кунанд. “Азия-Плюс” дар моҳи майи соли 2022 дар пайи таҳдиди мақомот ба пурра бастанаш маҷбур шуд, ки мавзӯъҳои худро маҳдуд кунад”, - омадаст дар гузориши СPJ.

Ба гуфтаи ин созмон, дигар расонаҳо ҳам ҳарчанд талош доранд, ки дар пасманзари таъқиботи мақомот мустақил бимонанд, вале аз мавзӯъҳои сиёсӣ ё комилан парҳез мекунанд ва ё ба далели набуди маблағгузорӣ бо мушкил фаъолият доранд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, ҳукумат ба воситаи абзорҳои таъсиррасон, аз ҷумла таҳдиди андозбандӣ ё боз кардани парвандаи ҷиноятӣ фишор меорад.

Яке аз рӯзноманигорон зимни суҳбат бо онҳо зикр кардааст, ки “...Онҳо метавонанд ба нашрияе, ки мушкили молиявӣ дорад, ишора кунанд, ки ба онҳо андози бузург ва ё ба раҳбаронаш парвандаи ҷиноятӣ таҳдид мекунад ва беҳтар ин аст, ки фаъолияти худро бас кунанд”.

Ҳамсуҳбатони дигар гуфтаанд, ки ҳар расона аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “куратор” дорад ва ҳузури ӯ баёнгари он аст, ки аз паси расонаҳо мепоянд.

СPJ аз қавли Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон навиштааст, “қарори ҳукумат, ки чанде баъди ин қабул шуд, талаб мекунад, то ки расонаҳои хабарӣ қабл аз сабти ном аз санҷиши мақомоти амнияти давлатӣ гузаранд”.  

Ба гуфтаи Қаршибоев, аз  ҳамон замон, “дигар тақрибан ягон расонаи мустақили нав дар сатҳи кишвар сабти ном нашудааст”.

Чандин журналист ба Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтанд, ки баъди ҳаводиси соли 2022, онҳо аз худсонсурии бештар кор мегиранд, чунки он ҳаводис “хатҳои сурх”, яъне рӯйхатти мавзӯъҳои мамнӯъ барои пайгирии журналистонро боз ҳам номуайянтар кард.

Ин аст, ки ба гуфтаи Абдумалик Қодиров, шумори матлабҳои танқидӣ дар матбуот “башиддат коҳиш ёфтааст” ва канорагирӣ аз баррасии масоили сиёсати дохилӣ ва афзоиши таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои “безарар”, ба мисли фарҳангу варзиш ва бархе хабарҳои байналмилалӣ ба як тамоюли дар ҳоли афзоиш барои матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар идома, муаллифон аз коста шудани ҳамкории мансабдорони тоҷик бо рӯзноманигорон ва мушкил шудани гирифтани иттилоъ аз онҳо изҳори нигаронӣ карда, аз қавли Нуриддин Қаршибоев навиштаанд, ки бо вуҷуди кӯшишҳо “дастрасӣ ба маълумот ҳамчунон як мушкили доғи журналистикаи тоҷик боқӣ мемонад”.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, ки “мушкилоти молиявӣ мушкили аз ҳама бузурги матбуоти тоҷик ба шумор меравад” ва солҳои охир, ба хусус баъди шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина, пуштибонии донорҳо аз журналистони мустақили тоҷик сахт коҳиш ёфтааст.

Журналистон зимни суҳбат бо СPJ гуфтаанд, ки журналистони тоҷик баъди саркӯбӣ дар соли 2022 рӯҳан шикастанд  ва теъдоди журналистоне, ки тарки кишвар ё тарки ин касб мекунанд, меафзояд ва насли ҷавон ба интихоби пешаи журналистӣ майлу рағбати чандоне нишон намедиҳад.

Дар охир Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, бо дархости шарҳи вазъи матбуот ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ тавассути почтаи электронӣ муроҷиат кард, вале ягон посух ба даст наовард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.