Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Эрон, ки 12-уми феврал ифтитоҳ шуда, 3 рӯз идома мекунад, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро ҳайате таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии кишвар Зиёдулло Салимзода муаррифӣ мекунад.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар, ки дар ин намоишгоҳ ташкил шудааст, имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла намудҳои сайёҳӣ ва хатсайрҳои сайёҳии гуногун муаррифӣ гардидааст.

Бояд қайд кард, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ 18-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар рушти соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар талош мекунанд.

Аз ҷумла, ҳар ду давлат тасмим гирифтанд, ки раводидро барои шаҳрвандони худ барои як моҳи будубош бекор кунанд. Қарори бекор кардани раводид аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар қабул шуда, дар марҳилаи тасвиб аз ҷониби парлумони ду кишвар қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.