Чанде пеш дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти мақомоти қудратии вилояти Хатлон ду муовини Додситони кулли Тоҷикистон аз вазифа озод гардиданд ва ба ҷои онҳо нафарони нав, вале барои соҳа ошно муовинони нав таъин гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар мувофиқа бо президент, Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизода, муовинони Додситони кулли Тоҷикистон  аз мақомашон барканор шуданд.

Ҳамчунин, Икром Зоирзода аз вазифаи муовини Додситони кулл ва ҳамзамон сарпрокурори ҳарбии кишвар озод карда шуд.

Бо фармони дигар, Умед Каримзода, ки то ин замони додситони шаҳри Душанбе буд, ба мақоми муовини аввали Додситони кулл ва Сарвар Азимзода, ки додситони шаҳри Панҷакент буд, ба мақоми муовини дигари Додситони кулл пешниҳод гардид.

Эмомалӣ Раҳмон номзадии Ҳабибулло Воҳидзодаро, ки то кунун ба ҳайси директори Оҷонсии зиддинашъа кор мекард, ба мақоми муовини додситони кул - сарпрокурори ҳарбии кишвар пешниҳод кард. Пешниҳоди президентро бояд аъзоёни Маҷлиси миллии маҷлиси Олии ҶТ тасдиқ кунанд.

Ҳамаи онҳое, ки муовини додситони кул таъин шуданд, кадрҳои мақомоти додситонӣ ҳастанд.

Миёни муовинони додситони кул Ҳабибулло Воҳидзода, ки то ин замон роҳбари Оҷонсии зиддинашъа ва аз ин пештар додситони вилояти Суғд буд, барои матбуот ва ҷомеа то андозае ошно аст. Ӯ аз ин пештар ҳам дастикам 5 сол муовини Додситони кулли кишвар буд.

Умед Каримзода

Бояд гуфт, ки курсии муовини якуми Додситони кулли кишвар як соли пурра холӣ буд. Як сол пештар Абдуғаффор Ҳикматуллозода, баъди се соли муовини якуми додситони кул будан, бо фармони президент раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуд. Сабаби ба ин вазифа таъин шудани ӯро афзоиши ҳолатҳои заминфурӯшӣ дар ин ноҳия унвон мекарданд. Интизор мерафт, ки раиси нав бояд бар зидди ин падида мубориза барад.

Ҳамин тариқ, бо гузашти як сол, ба курсии муовини якуми додситони кул Умед Каримзода, ки то ин дам додситони шаҳри Душанбе буд, таъин гардид.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соли 1994 аст. Дар тарҷумаи ҳолаш гуфта нашудааст, ки ӯ донишгоҳро бо кадом ихтисос хатм кардааст.

Каримзода фаъолияташро соли 1994 ба ҳайси ёрдамчии додситонии ноҳияи Данғара оғоз карда, баъди як сол ҳамчун муфаттиш дар ин додситонӣ кор мекунад ва аз соли 1998 барои кор ба додситонии вилояти Хатлон меояд.

То соли 2001 дар инҷо ҳамчун прокурор-криминалисти калон кор мекунад ва баъдан ҳамчун ёрдамчии прокурори ноҳияи Хоҷамастон (ҳоло А.Ҷомӣ) ба кор меравад ва то соли 2004 дар вазифаи ёрдамчӣ ва муфатиши ин додситонӣ кор мекунад.

Умед Каримзода

Моҳи августи соли 2004 дубора ба Додситонии вилояти Хатлон меояд ва як сол – соли 2005 ба ҳайси прокурори калони шуъбаи мубориза бар зидди коррупсияи додситонии вилоят кор мекунад.

Ҳамин тариқ, як сол ҳамчун муовини прокурори ноҳияи Бохтар кор карда, аз соли 2006 то 2011 5 сол ҳамчун додситони ноҳияи Вахш кор мекунад.

Ду соли дигар-2011-2012 дар ноҳияи Данғара ҳамчун прокурор кор мекунад ва ба Душанбе меояд.

Се соли дигар - 2012-2015дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ҳайси прокурор кор карда, соли 2015  ба дастгоҳи марказии Додситонии кул ба кор меояд. Дар онҷо як сол ҳамчун муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор карда, соли 2016 додситони ноҳияи Шаҳритуз таъин мешавад. То соли 2020 дар ин мақом кор мекунд ва аз 14-уми феврали соли 2020 додситони пойтахт таъин мешавад.

Ӯ мушовири адлияи дараҷаи 1 буда, забонҳои тоҷикӣ ва русиро медонад.

Сарвар Азимзода

Сарвар Азимзода, муовини дигари нави Юсуф Раҳмон, ки хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ бештар дар дастгоҳи марказии Додситонии кул кор кардааст.

Азимзода фаъолияташро соли соли 1999 ҳамчун коромӯз дар вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Маълум нест, ки ӯ дар ин мақом чӣ қадар фаъолият бурдааст, вале аз тарҷумаи ҳолаш бармеояд, ки соли 2004 ҳамчун додситон, додситони калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамин тариқ, соли 2011 ҳамчун додситони калони шуъбаи назорати иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи иқтисод ва иҷтимоиёти Раёсати назорати умумии Додситонии кул фаъолият кардааст.

Сарвар Азимзода

Соли 2015 дубора ба ҳайси додситони калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ кор карда, аз соли 2016 додситони ноҳияи Шаҳринав таъин мешавад ва қариб 3 сол дар ин мақом кор мекунад.

Ӯ соли 2019 додситони шаҳри Панҷакент таъин гардида, то замони таъинаш ба ҳайси муовини додситони кул дар ин вазифа кор мекунад.

Сарвар Азимзода низ мушовири адлияи дараҷаи 1 буда, забонҳои тоҷикӣ ва русиро медонад.

Ҳабибулло Воҳидзода

Ӯ 59 сол дорад ва зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аст. Соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияташро дар мақомоти додситонӣ оғоз карда, аввал ҳамчун коромӯз – додситон дар шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа (1988-1989), баъдан  коромӯз -муфаттиши прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа ва солҳои 1989 то 1993 муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул фаъолият кардааст.

Ҳабибулло Воҳидзода

Як сол ҳамчун муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон ва ду соли баъдӣ сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амният ва кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон кор мекунад.

Соли солҳои 1996 ба зодгоҳаш ҳамчун додситони ноҳия баргашта, то соли 1998 кор мекунад. Баъдан чаҳор сол (1998 то 2002) ҳамчун додситони ноҳияи Фрунзе (Сино)-и шаҳри Душанбе ва баъдан, 5 сол (2002 то 2007) додситони шаҳри Душанбе кор мекунад.

Аз соли 2007 ба дастгоҳи марказии Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчун сардори Раёсати кадрҳо ва коргузорӣ ба кор меояд ва то соли 2011 дар ин маснад кор мекунад.

Шурӯъ аз соли 2011 то 2015 ба ҳайси муовини Додситони кулли Тоҷикистон кор кардааст ва баъд, то 18 ноябри соли 2020 додситони вилояти Суғд буд.

Ҳамин тариқ, аз 18 ноябри соли 2020 то моҳи январи соли 2024 Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон буд.

Ҳабибулло Воҳидзода мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 буда, бо медалҳои “Хизмати шоиста”, “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.

Ӯ  аз соли 2021 дорои рутбаи махсуси “генерал-майори адлия” мебошад.

Оиладор ва соҳиби 1 фарзанд аст.

Бояд гуфт, ки Додситони кулли кишвар дар маҷмуъ, 4 муовин дорад ва ҳамакнун, бо таъини як муовини аввал ва ду муовини дигар як курсии муовини Додситони кулии кишвар холӣ аст. Маълум нест, ки ба ин курсӣ кӣ таъин мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.