Муҳокимаи парвандаи Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик додрасҳо барои қабули қарор, ба хонаи машварат мераванд.

Дар ин бораи Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми феварал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

“Мувофиқи ахбороти мо, аллакай тарафҳои айбдоркунандаву ҳимоякунанда баромад кардаанд ва рӯзҳои наздик судя барои ҳал кардани масъала ба хонаи машваратӣ меравад”, - гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.

Раиси Додгоҳи олӣ сабаби бе ҳузури намояндагони расонаҳо ва дар боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шудани муҳокимаи додгоҳиро “набудани шароит барои баррасии чунин парвандаҳо дар толорҳои Суди олӣ” номид.

“Мо имконияти баррасии парвандаҳое, ки шумораи зиёди судшаванда дорад, дар Суди олӣ надорем. Бо назардошти ин, якчанд парвандаҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз ҷониби судяҳои Суди олӣ дар баррасӣ қарор доранд”, - гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.

Ӯ зикр кард, ки ҳамчунин имконияти иҷозаи вуруди хоҳишмандони зиёд ба боздоштгоҳи муваққатиро низ надоранд.

Шермуҳаммад Шоҳиён
Asia-Plus

Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олӣ илова кард, ки аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Абдухалил Холиқзода бо моддаҳои 182 қисми 2 (барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), моддаи 289 қисми 2 (қочоқ) айб эълон шудааст.

Ҳамчунин, дар робита ба ин қазия ду нафари дигар – нависанда ва донишманди тоҷик Абдуқодири Рустам ва ношир Сӯҳроб Раҷабзода низ боздошт шудааст.

Тибқи иттилои Шавкат Лутфуллозода, нисбати Абдуқодири Рустам бо моддаи 182 қисми 2  ва нисбати Сӯҳроб Раҷабзода бо моддаи 295 қисми 1 (сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) айб эълон шудааст.

Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Сӯҳроб Раҷабзода кистанд ва чаро боздошт шуданд? Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар бораи чист? Метавонед аз матлаби “Аввалин зодрӯзи муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар боздоштгоҳ. Абдухалил Холиқзода кист?” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.