Оё баргардонидани пуле, ки иштибоҳан ба корт ё ҳамёни электронии дигар интиқол меёбанд, имкон дорад? Бале. Чӣ тавр? Дар мисоли “Dushanbe City” ва  “Алиф Бонк” шарҳ медиҳем.

Пешакӣ таъкид мекунем, ки низоми бонкӣ дар Тоҷикистон тибқи як принсип фаъолият мекунад. Аз ин лиҳоз, дар бонкҳои дигари кишвар низ роҳеро нишон медиҳанд, ки дар ду бонки интихобкардаи мо зикр карданд.

Пас он кадом роҳ аст?

“Dushanbe City”

Агар дар вақти пур кардани ҳисоб тавассути терминал, пардохт ё интиқоли пул бо “DC Next” (ҳамёни электронии “Dushanbe City”) иштибоҳ кардед, метавонед ба идораи бонк муроҷиат намоед, ба рақамҳои боварӣ - 44 630 99 99 занг занед ва ё ба чатҳои ширкат дар сомонаи www.dc.tj, сомонаҳои иҷтимоӣ (Фейсбук - https://www.facebook.com/DushanbeCityBank?mibextid=LQQJ4d , Инстаграм - https://www.instagram.com/dushanbecity.tj?igsh=OGZ4cmVvOTFhNnM2 ), телеграм – mushovirchatbot ё вотсап - (+992) 988481253 нависед.

Агар нафаре, ки пул иштибоҳан ба ҳисобаш гузаронида шудааст, суратҳисоби “Dushanbe City” надошта бошад, баъд аз муроҷиати шумо пул бояд дарҳол пас гардонида шавад. Аммо агар ба номи қабулкунанда ҳамёни DC сабт шуда бошад, пулро танҳо пас аз гирифтани розигии ӯ бозпас интиқол додан имкон дорад. Муҳлати бозгардонӣ 1-5 рӯз аст.

Ҳангоми муроҷиат ба идораи “Dushanbe City” пешниҳоди расид, шиноснома ва ариза ҳатмӣ аст. Ариза бояд аз номи соҳиби ҳамён навишта шавад.

Дар ҳолати муроҷиат тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ё паёмрасонҳои ширкат фиристодани расид кифоя аст. Ҳангоми тамос тариқи рақамҳои боварӣ бошад, мебояд рақамҳои ирсолкунанда ва қабулкунандаро зикр кард.

Баргардонидани пули ба корт фиристодашуда душвортар аст.

Агар суратҳисоби корт фаъол набошад, бонк бе мушкилӣ метавонад пулро баргардонад. Вале агар корти қабулкунанда фаъол буда, тӯли 6 моҳи охир тавассути он амалиёт сурат гирифта бошад, ирсолкунанда бояд бо шиноснома ва ариза ба идораи бонк муроҷиат намояд. Танҳо пас аз тамос бо муроҷиаткунанда ва гирифтани розигии ӯ, бонк метавонад пулро бозпас гардонад.

Бе розигии қабулкунанда бозпас гардонидани маблағ ғайриимкон аст.

Агар қабулкунанда фаъол асту аммо бо сабабе бо ӯ тамос гирифтан ғайриимкон аст, пул бо тасдиқи роҳбарияти бонк баргардонида мешавад.

Интиқоли ғалат тавассути “Dushanbe City” ба Корти миллии бонкҳои дигар ё ба хориҷа баргардонида намешавад.

“Алиф Бонк”

“Алиф Бонк” низ барои баргардонии пули иштибоҳан интиқолёфта нақшаи шабеҳ дорад.

Агар ҳангоми пур кардани ҳисоб тавассути терминал, пардохт ё интиқоли пул тавассути “Алиф Бонк” ё “Алиф мобӣ” (ҳамёни электронии “Алиф Бонк”) иштибоҳ кардед, ҳамчунин метавонед ба идораи бонк муроҷиат намоед, ба рақамҳои 900 занг занед ва ё ба чатҳои он дар сомонаи  www.alif.tj ва телеграм t.me/alifsbot нависед.

Дар ҳолати муроҷиат ба идораи ширкат навиштани ариза ва пешниҳоди рақамҳои ҳамён ё додаҳои корти ирсолкунанда ва қабулкунанда лозим аст. Ҳангоми муроҷиат тариқи занги телефонӣ ё чатҳо, ғайр аз маълумоти корт ё ҳамён, фиристодани акси ариза низ ҳатмист. Бонк бо қабулкунанда тамос мегирад ва пас аз гирифтани розигии ӯ, пул ба ҳисоби ирсолкунанда бозпас гардонида мешавад.

Интиқоли иштибоҳӣ тавассути “Алиф” ба бонкҳои хориҷӣ баргардонида намешавад.

Вале агар шумо пулро иштибоҳан ба ҳамён ё корти яке аз бонкҳои дохилӣ интиқол додед, пас гардонидани он имконпазир аст. Барои ин шумо метавонед ба “Алиф” муроҷиат намоед, то онҳо ба бонки марбута дархост равон кунанд ва ё мустақилона ба бонки қабулкунанда муроҷиат намоед. Пул баргардонида мешавад ё не, аз бонки қабулкунанда вобаста аст.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.