Маркази имдоди Арабистони Саудӣ ва шоҳ Салмон дар моҳи Рамазон ба мардуми Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ироа кард.

Ироаи кӯмак дар анборҳои Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бо  ташаббус ва ҳузури Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, роҳбарияти ҷамъият, намояндаҳои  Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон, намояндаи ширкати истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ ба ниёзмандони чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе шурӯъ гардид.

Пас аз навоҳии пойтахт, кӯмакҳои мазкур ҳамчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат низ тақсим карда шуд.

“Имсол дар доираи лоиҳаи “Сабади озуқаворӣ” шумораи сабадҳо ба 7 ҳазору 427 мерасад ва ғизои дохили он аз орду шакару равған, макарону чой, лубиё, биринҷу мош ва донагиҳои дигар иборат аст. Ва ин маводи озуқа бошад, барои истеъмоли 44 ҳазору 562 нафар ятиму ниёзманду мӯҳтоҷ рост меояд, ки он дар 5 шаҳру навоҳии кишвар тақсим мегардад”, - таъкид мегардад дар иттилоия.

Бояд гуфт, ки имсол аз ҷониби Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон барои таҳияи ҳамаи ин сабадҳои озуқаворӣ ҳудуди 400 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.

1/4

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи таъмини ғизо соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон татбиқ мешавад. Ин кӯмакҳо асосан барқарорсозии саривақтӣ, таъмини макони зист, дастраскунии озуқаворӣ, соҳаи тандурустӣ ва таъмини оби нӯшокиро фаро мегирад.

Тибқи маълумотҳо, Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ аз ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ниёзмандон ва татбиқи лоиҳаҳои хайриявӣ миёни кишварҳои арабӣ дар мақоми аввал ва дар дунё дар зинаи сеюм қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.