Имрӯз, 20-уми март, дар Тоҷикистон Наврӯз оғоз шуд: мувофики ҳисобҳои астрономӣ дар соати 8:06 дақиқа ба вақти Душанбе Замин аз баробаршавии шабурӯзи баҳорӣ гузашта, Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ ба шимолӣ ҳаракат кард. Ин лаҳзаи фаро расидани Наврӯз - Соли нави аҷдодӣ меноманд.

Имрӯз дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз - мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ” баргузор мешавад.

Бино ба иттилоъи бахши иттилооти шаҳрдории пойтахт, ҷашнвора аз ду қисм иборат аст: дар бахши аввал дар Китобхонаи миллии кишвар конфронс ва дар бахши дувум дар “Боғи Ирам” чорабинии фарҳангӣ баргузор мешавад.

Ҳамчунин, бозиҳои миллии варзишӣ ва барномаи консертӣ бо ширкати ҳунармандони кишвар пешбинӣ шудааст.

Ҷашнвора соли шашум аст, ки баргузор мешавад ва ҳадафаш муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон ва имконоти сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.

Акси марбута
Акс аз АМИТ "Ховар"

Рӯзи 21-уми март, соати 04:00 дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ афрӯхта мешавад ва дар он ҷо суманак мепазанд.

Соати 06:00 корвони наврӯзӣ таҳти сарварии Бобои деҳқон ва Маликаи Баҳор зери садои карнайнавозон аз чаҳор дарвозаи пойтахт ба ҳар гӯшаи шаҳр равон шуда, ба сокинону меҳмонони шаҳр хушхабари фарорасии Наврӯзро мерасонанд.

Рӯзи 23-юми март дар боғҳои шаҳр чорабиниҳои фарҳангӣ ва баъд аз зуҳри 24-уми март дар Майдони “Истиқлол” бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намоиши театрӣ ва “Карнавали Наврӯзӣ” баргузор мешавад.

Дидор Садуллоев

Наврӯзи имсола ба моҳи шарифи Рамазон рост омад. Тавре аз шаҳрдорӣ қаблан хабар дода буданд, дар ин робита тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ асосан шомгоҳон баргузор мешаванд.

“Ин тасмим ба хотири он гирифта шудааст, ки идро шахсони рӯзадор ба хубӣ таҷлил кунанд”, - гуфта буданд дар шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои идона дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур, дар боғи ба номи Айнии И.Сомонӣ, дар боғи ба номи Фирдавсии нохияи Фирдавсӣ ва Умари Хайёми ноҳияи Сино пешбинӣ шудааст.

Дар кишвар аз 21 то 26-уми март таътил эълон шудааст.

Наврӯз ин ҷашни соли нав аз рӯйи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ҳамоҳангие, ё худ вобастагие бо дин надорад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ӯро дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ пеш аз асри VII-и пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд. Азбаски ҷашни Наврӯз дар замонҳои хеле қадим пайдо шуд, давраи пайдоиши аслии он маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.