Моҳи Рамазон ворид шуд ва кунун давоми як моҳ ҳамаи мусулмонон рӯза медоранд. Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни асосии дини Ислом аст ва барои мусулмон доштани он фарз мебошад. Ба ин муносибат “Азия-Плюс” аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хост, ки ба 10 саволи ба ҳар мусулмон рӯзмарра пайдомешуда посух диҳанд.

“Азия-Плюс”: Рӯза гирифтан аз чандсолагӣ фарз мешавад?

Шӯрои уламо: Рӯза гирифтан аз замони булуғ, яъне барои писар аз дувоздаҳсолагӣ ва барои духтар аз нуҳсолагӣ фарз мешавад.

“Азия-Плюс”: Дар моҳи Рамазон чӣ қадар вақт хобидан мумкин аст? Агар ин хоб боиси қазо шудани намоз шавад, чӣ ҳукм дорад?

Шӯрои уламо: Чӣ миқдор хобидан дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби шариат муайян нашудааст, вале бидуни узр хоби бисёр рафтан, ки сабаби қазо шудани намоз гардад гунаҳгор мешавад. Инчунин, аз ҷиҳати танбалӣ ба намоз ва дигар корҳои нек эътибор надиҳад, гунаҳгор мегардад.

“Азия-Плюс”: Оё ҳангоми рӯзадорӣ пошидани атр (барои зану мард) мумкин аст?

Шӯрои уламо: Оре, мумкин аст, алалхусус дар намозҳо боке надорад.

“Азия-Плюс”: Оё ҳангоми рӯзадорӣ дандон шустан мумкин аст?

Шӯрои уламо: Мумкин аст, вале бе истифодаи хамираи дандоншӯӣ. Истифодаи хамираи дандоншӯӣ макрӯҳ аст, аммо истифода аз мисвоки табиӣ боке надорад.


“Азия-Плюс”: Агар дар моҳи рамазон мусалмон дандон канад, рӯзааш мешиканад?

Шӯрои уламо: Агар дар вақти кандан сӯзандору истифода бурда шавад, рӯзааш мешиканад.

“Азия-Плюс”: Оё ҳангоми рӯзадорӣ ба худ сӯзандору гузаронидан ва истифода бурдани доруи қатраҳои чашм ҷоиз аст?

Шӯрои уламо: Истифодаи доруи чашм рӯзаро намешиканад, аммо сӯзандору рӯзаро мешиканад.

“Азия-Плюс”: Оё дар моҳи Рамазон издивоҷ кардан мумкин аст? Дар моҳи Рамазон ҷимоъ дар кадом вақт иҷоза дода мешавад?

Шӯрои уламо: Издивоҷ дар моҳи Рамазон дуруст аст, вале ҳамбистарӣ бо ҳамсар аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб дуруст нест.

“Азия-Плюс”: Мусулмоне, ки рӯзаро дар як кишвар оғоз карда, баъд ба кишвари дигар рафта бошад, дар сурати дар байни кишварҳо фарқияти вақт вуҷуд доштан, (яъне як рӯз пеш ё баъд шурӯъ шудани моҳи Рамазон) кай бояд ид кунад?

Шӯрои уламо: Мусулмон дар ҳар кишваре, ки зиндагӣ кунад, ба суханони уламои ҳамон кишвар амал мекунад. Дар ин сурат бояд давомнокии рӯза аз 29 рӯз кам нашавад ва аз 30 рӯз зиёд нашавад.

“Азия-Плюс”: Оё ҳангоми рӯзадорӣ хун додан мумкин аст?

Шӯрои уламо: Бале, хун додан дар ҳолати рӯза мумкин аст, ба шарте ки ба хундиҳанда зарар нарасад.

“Азия-Плюс”: Оё қай кардан (партофтан) рӯзаро мешиканад (агар шахс тасодуфан қай кунад)?

Шӯрои уламо: Агар ба пурии даҳон қай кунад, рӯза мешиканад, дар акси ҳол рӯза дуруст аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.