Дар Тоҷикистон имсол бахшида ба таҷлили Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ дар назар нест ва баргузории раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” низ номаълум аст.
Имсол ба муносибати таҷлили 79-солагии Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ имрӯз, 4-уми май, ба ОИ “Азия-Плюс” гуфт, “имсол гузашти ҳарбӣ баргузор намешавад”. Аммо ӯ сабаби баргузор нашудани ин чорабиниро шарҳ надод.
Зикр бояд кард, ки гузашти ҳарбӣ дар Иди ғалаба як анъанаи маъмул дар кишварҳои шӯравии пешин ба ҳисоб мерафт, ки чанд соли охир камранг шуда, баъзе давлатҳо ҳатто аз баргузории он даст кашиданд.
Ҳамчунин, имсол баргузории раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” низ номаълум аст. Аз шаҳрдории Душанбе ба ОИ “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “то ҳол дар ин бора ба мо супорише нашудааст, агар давоми ҳафта баргузор шудани раҳпаймоӣ муайян шавад, иттилоъ хоҳем дод”.
Бояд гуфт, “Ҳанги ҷовидонӣ” раҳпоймоиест, ки дар он асосан пайвандони қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ бо аксҳои наздиконни аздастдоаашон иштирок мекунанд. Ин маърака дар Русия замина гузошта шуда, солҳои охир бештар хусусияти таблиғотӣ касб кардааст. Қаблан дар чандин кишварҳои шӯравии собиқ баргузор мешуд ва ҳоло аз баргузории он ҳам дар аксари ин кишварҳо даст кашидаанд.
Ӯ мегуфт, “пешрафти Тоҷикистон, иззати ҳамаи мост”. Даргузашти Раисӣ ба муносибати Тоҷикистону Эрон чӣ таъсир метавонад расонад?
“Муҳлати дароз, набудани шароит ва меҳтарсолорӣ”. Чаро бархе ҷавонони тоҷик хоҳиши ба хидмати ҳарбӣ рафтанро надоранд?
Аз 25 май дар Душанбе автобусҳои дуошёнаи сайёҳӣ ба равуо оғоз мекунанд
Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад
Баҳодур Усмонов бо муштзани Русия рақобат мекунад
Шакар дар Тоҷикистон қимат мешавад. Чаро истеҳсолоти худӣ нест?
Эмомалӣ Раҳмон барои видоъ бо Иброҳим Раисӣ ба Эрон рафт
Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров
Сомон Маҳмадбеков медали деринтизори чемпионати ҷудои ҷаҳонро ба даст овард
Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳо аз 1 август оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста